Якон
Якон (форсӣ: یکان) ё якони низомӣ (форсӣ: یکان نظامی) — дар улуми низомӣ бахше аз як созмони низомӣ аст, ки дорои нерӯи инсонӣ ва таҷҳизоти муайян бошад[1].
Якони артишӣ созмоне дар даруни нерӯҳои мусаллаҳ аст. Ҳар якон метавонад чандини сарбоз, нов, сарбозбар ё ҳавогардро дар бар бигирад. Ҳар се нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ба таври пойгонӣ ба зербахшҳо, бахшҳо, яконҳои роҳкунишӣ ва яконҳои бузург бахш мешаванд[2]. Ин ягонбандиҳо ба мудирияти беҳтари коркардӣ, тактикӣ ва идории нерӯҳои мусаллаҳ ёрӣ мерасонад. Шеваи тақсими ин яконҳо дар набардгоҳ ё маҳали размоишро «ороиши низомӣ» мегӯянд.
Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сохтори нерӯи заминӣ бар дастабандии яконҳои зер бунёд ёфтааст[2]:
| тоҷикӣ | русӣ | инглисӣ |
|---|---|---|
| разма таҳма вашт гурдон ҳанг гунд лашкар сипоҳ артиш | отделение взвод рота батальон полк бригада дивизия корпус армия | squad platoon company battalion regiment brigade division corps army |
Дар сохтори нерӯҳо разма, таҳма, вашт ва гурдон яконҳои зербахш (русӣ: подразделение; англ. sub-subunit), ҳанг — бахш (русӣ: воинская часть; англ. military unit), гунд, лашкар, сипоҳ — яконҳои роҳкунишӣ (русӣ: соединение; англ. tactical formation) ва артиш — якони бузург (русӣ: объединение; англ. major formation) номида мешаванд[3].
Initial visibility: currently defaults to autocollapse
To set this template's initial visibility, the |state= parameter may be used:
|state=collapsed:{{Якон|state=collapsed}}to show the template collapsed, i.e., hidden apart from its title bar|state=expanded:{{Якон|state=expanded}}to show the template expanded, i.e., fully visible|state=autocollapse:{{Якон|state=autocollapse}}
If the |state= parameter in the template on this page is not set, the template's initial visibility is taken from the |default= parameter in the Collapsible option template. For the template on this page, that currently evaluates to autocollapse.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». — ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381. — 8 ҷ. ISBN 964-6961-98-3 (давра). ҷ. 8, с. 8575
- 1 2 Коллектив авторов. Том 6, статья «Организация войск» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 105—109. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 30 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.