Сохтори нерӯҳо
Сохтори нерӯҳо (форсӣ: ساختار نیروها) сохторе барои созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ дар кулл ва яконҳои размӣ аст, ки дастабандии беҳина аз таркибу шумор, теъдод ва намудҳои ҷангафзору размафзорҳо барои нигаҳдории омодагии размӣ ва тавонмандии онҳо барои ҷангиданро фароҳам месозад[1].
Сохтори нерӯҳо бахше аз созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ аст ва дар дастабандии онҳо дар яконҳои сохтории роҳкунишӣ, амалиётӣ, амалиётӣ-роҳбурдӣ ва роҳбурдӣ бозтоб меёбад, ки зербахшҳо, бахшҳо, яконҳои роҳкунишӣ ва яконҳои бузурги шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ, нерӯҳои вижа ва хадамотро дар бар мегирад[2].
Яконҳои артишӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Якони артишӣ созмоне дар даруни нерӯҳои мусаллаҳ аст. Ҳар якон метавонад чандини сарбоз, нов, сарбозбар ё ҳавогардро дар бар бигирад. Ҳар се нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ба таври пойгонӣ ба яконҳои гуногуни хурду бузурге бахш шудаанд. Ин яконбандиҳо ба мудирияти беҳтари коркардӣ, тактикӣ ва идории нерӯҳои мусаллаҳ ёрӣ мерасонад. Шеваи тақсими ин яконҳо дар набардгоҳ ё размоишгоҳро «ороиши низомӣ» мегӯянд.
Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сохтори нерӯи заминӣ бар дастабандии яконҳои зер бунёд ёфтааст[2]:
| тоҷикӣ | русӣ | инглисӣ |
|---|---|---|
| разма таҳма вашт гурдон ҳанг гунд лашкар сипоҳ артиш | отделение взвод рота батальон полк бригада дивизия корпус армия | squad platoon company battalion regiment brigade division corps army |
Созмони низомӣ бар силсиламаротиб бунёд аст. Истифода аз дараҷаҳои расмӣ дар як сохтори силсиламаротибӣ дар сипоҳи Ҳахоманишиён умумият пайдо кард. Дар замони кунунӣ кунтрули иҷроӣ, мудирият ва идораи созмонҳои низомӣ маъмулан дар давлат ва аз тариқи яке аз вазоратхонаҳо ба номи Вазорати дифоъ ё Вазорати ҷанг анҷом мешавад. Ин вазоратхона низ он даста аз нерӯҳоеро, ки масъули набард, пуштибонии размӣ ва пуштибонии хадамотии ягонҳо ҳастанд, мудирият мекунад.
Сохтори нерӯҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]| Намод | Яконҳои артишӣ | Шумори нерӯҳо | Шумори яконҳои вобаста | Фармондеҳ |
|---|---|---|---|---|
| артиш | 40 000 + | 2 + сипоҳ | артишсолор | |
| сипоҳ | 20 000 — 40 000 | 2 — 6 лашкар | сипаҳсолор | |
| лашкар | 5 000 — 20 000 | 2 — 6 гунд | лашкарсолор | |
| гунд | 1 500 — 5 000 | 2 — 6 ҳанг | гундсолор | |
| ҳанг | 700 — 1 500 | 2 — 6 гурдон | сарҳангёр, сарҳанг | |
| гурдон | 150 — 700 | 2 — 12 вашт | таҳмабон, сарвашт, саргурд, сарҳангёр, сарҳанг | |
| вашт | 50 — 150 | 2 — 8 таҳм, 6 — 10 рада | таҳмадор, таҳмабон, сарвашт, саргурд | |
| таҳма | 10 — 50 | 2 — 6 разма | размпардоз, размсоз, таҳмавар, таҳмадор, таҳмабон, сарвашт | |
| разма | 5 — 10 | 2 гурӯҳ | размовар, размдор, разморо, размозмо, размпардоз | |
| гурӯҳ | 2 — 5 | 0 | размюз, размовар |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Коллектив авторов. статья «Организация войск» // Военно-энциклопедический словарь / Под ред. С.Ф. Ахромеев. — М.: Воениздат, 1986. — С. 517—518. — 863 с. — 150 000 экз.
- 1 2 Коллектив авторов. Том 6, статья «Организация войск» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 105—109. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.