Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Разма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Рада)
Яконҳои размӣ
Яконҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Гурӯҳ 2—5 Размюз
Разма 5—10 Размдор
Таҳма 10—50 Таҳмадор
Вашт 50—150 Сарвашт
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор

Разма (форсӣ: رزمه) – яконе зербахш дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду гурӯҳ (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳма аст; гурӯҳ[1]; отделение[2].

Размаҳо бахше аз таҳмаҳои пиёдагон (пиёдагони мутурӣ), тирандоз (тирандози савора), ҳавобурди чатрбоз, туфангдорони дарёӣ, парведорӣ, муҳандисии размӣ, иртиботу мухобирот ва дигар таҳмаҳо ҳастанд ва 6 — 12 сарбозро дар бар мегиранд[2].

«Разма» (форсӣ: رزمهбаста[3][4] < порсии бостон: *razma-якони размӣ’ < *raźman-ороиши размӣ’ < √*raź-оростан[5]) исми фоъил аст, ки аз разм- (масдари размидан) бо афзудани пасванди исмсози ба маънои «даста = якони низомӣ» сохта шуда ва дар баробари истилоҳоти русӣ: «отделение» ва англ. «squad» ниҳода шудааст.

Разма ҳамчун якони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) ба кор гирифта шудааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён ороиши размӣ (порсии бостон: *raźman- < √*raź-оростан’) бар бахшбандии даҳгонӣ созмон ёфта буд ва дар он аз 10 сарбоз як даҳа ороста мешуд, ки ба порсии бостон: «*daθa-» [даҳа] номида ва сардораш «*daθapati-» [даҳабад] хонда мешудааст[6].

Ин даҳа дар сипоҳи Ашкониён (соли 250 п.м.224), ки ороиши размии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба ирс бурда буд[7], ба паҳлавӣ: «radag» номида шудааст[8].

Ҳамин истилоҳи низомӣ дар сипоҳи Сосониён (224651 милодӣ) низ ба кор мерафтааст. Дар сипоҳи Сосониён бузургтарин якони размӣ «gund» (гунд)[9] ном дошт ва фармондеҳаш gund-sālār (гундсолор) буд[10]. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳма)[11] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада)[12] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор)[10], фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор)[10], сардори таҳма «tahmadār» (таҳмадор)[13] ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд.

Сарфармондеҳи сипоҳи Сосониён spāh-sālār буд, ки ӯро Ērān-spāhbed [Эрон-сипоҳбед] аз миёни чандин spāhbed [сипоҳбед] интихоб мекард [14]. Ērān-spāhbed то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон (солҳои 531 - 579) баландпоятарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[15], ки бино бар қаринаҳо, artēštārān-sālār низ номида мешуд[16].

Дар деворнавиштаҳое ба забони порсии миёна аз солҳои 253 – 255 милодӣ, ки дар канисаи яҳудии шаҳри бостонии Дура-Европос бозёфт шудаанд, ибораҳои «дабири рада» (порсии миёна: dibīr-ī radag) ва «дабири таҳм» (порсии миёна: dibīr-ī tahm) бозхонӣ шудаанд[17]. Чун сипоҳи Сосониён бар бахшбандии даҳгонӣ созмон ёфта буд[18] ва яконҳои бузурге чун гунд ва сипоҳ «дабири гунд» (порсии миёна: *gund-dibīr) ва «дабири сипоҳ» (порсии миёна: *dibīr-ī spāh) доштаанд[19], гумон меравад, ки «рада» хурдтарин якони размӣ будааст[20].

Корбурди размаи пиёдагон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Размаҳои пиёдагони мутурӣ, тирандози савора ва пиёдагон барои анҷоми амалиёти офандӣ ва падофандӣ дар таркиби таҳма пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми анҷоми амалиёти парведорӣ, роҳпаймоӣ ва посбонӣ размаҳо метавонанд мустақилона амал кунанд.

Разма вобаста ба вазъият пиёда ё бо худравҳои зиреҳпӯш (худравҳои размии пиёдагон, сарбозбарҳои зиреҳпӯш) амалиёт анҷом медиҳад. Ҳангоми анҷоми амалиёти пешравии пиёда, разма занҷирвор паҳн мешавад ва ороиши размии занҷираӣ мегирад. Ҳангоми амалиёти падофандӣ разма аз ҷабҳае ба паҳнои то 100 метр дифоъ мекунад[2]. Ҳангоми амалиёти офандӣ размаҳо масъули анҷоми амалиёт дар ҷабҳае ба паҳнои 50 метр ҳастанд[21].

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. 1 2 3 Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. 10 000 экз. ISBN 5-203-01873-1.
  3. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 116
  4. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 144.
  5. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1442.
  6. W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  7. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  8. Ilkka SYVÄNNE * (University of Haifa, Israel) Parthian Cataphract vs. the Roman Army 53 BC-AD 224(пайванди дастнорас)
  9. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  10. 1 2 3 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  11. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 5 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  12. Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18
    ... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].
  13. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18
    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tagm(a)dār («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – др.-греч. «τάγμα» («легион») и парф. «-dār» («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в среднеперсидской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].
  14. Samra Azarnouche, Maxime Petitjean. Sasanian Warriors in Context: Historical and Religious Commentary on a Middle Persian Chapter on Artēštārān (Dēnkard VIII.26) in Revue international d’Histoire Militaire Ancienne, No 11-2022. Presses Universitaires de Franche-Comté. pp. 331-384. ISBN 978-2-84867-944-0
  15. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  16. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  17. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 5 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  18. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  19. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 53
  20. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
  21. «Боевой устав воздушно-десантных войск. Часть III. Взвод, отделение». М.: ВоенИздат, 1983. — С. 149-152. — 213 с.