Гунд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ягонҳои низомӣ
Tajikistan roundel.svg
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Рада 2—5 Радабон
Гурӯҳ 5—10 Гурӯҳбон
Таҳм 10—50 Таҳмбон
Вашт 50—150 Сарвашт
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор

Гунд (форсӣ: گـُند‎) — ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[1]; бригада[2].

Пешина[вироиш]

Гунд ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «бевара» (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[3]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[4], бевара «гунд» (паҳлавӣ: «gund»лашкар; гурӯҳ, даста[5] > порсии бостон: «*gunda-» > эронии бостон: «*gau-n-: *gunda-, *gumba-»[6]) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[7].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[8]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[9].

Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. «عسکر» [аскар]‎ аз порсии миёна: laškar, ар. «جند» [ҷунд]‎ аз порсии миёна: gund ва ар. «فیج» [файҷ]‎ аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[10]. Истилоҳи «гунд» аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i»), мандоӣ («gundā»), сурёнӣ («guddā» < «gdd-»), ибрӣ («g’ḏud») низ вом гирифта шудааст[11]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони порсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар замони ҳукумати Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[12].

Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони паштуӣ: «غونډ»‎ [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade > итолиёвӣ: brigataдаста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[13].

Корбурд[вироиш]

Гунд дар нерӯҳои заминӣ ягонест, ки аз якчанд гурдон, дивизион, ҳанг ва ё нерӯҳои вижа ташкил мешавад. Гундҳо саворатирандоз, савора, ракетӣ, танкӣ, оташбор, муҳандисӣ-сапёрӣ, ҳавобурд, ҳавоӣ, туфангдорони дарёӣ ва ғайра мешаванд.

Манобеъ[вироиш]

  1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 90
  2. Коллектив авторов. Том 1, статья «Бригада» // Военная энциклопедия / Под ред. П. С. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 576—581. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  3. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  4. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  5. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  6. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 3 (f—h). — 496 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018550-7. (в пер.). — с. 221—223
  7. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  8. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  9. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  10. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  11. Encyclopædia Iranica, Vol. X, Fasc. 5, pp. 486-490. GEORGIA v. LINGUISTIC CONTACTS WITH IRANIAN LANGUAGES
  12. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  13. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной