Jump to content

Қасри Миллат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қасри миллат)

Қасри Миллат — дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст ва қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Кохи Миллат, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохтмони Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Русия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти азим якчанд ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда буданд. Ифтитоҳи расмии ба истифода супоридани бинои Кохи Миллат дар арафаи вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Душанбе, соли 2008 баргузор гардид. Кохи Миллат як ҷузи комплекси бузурги пойтахт, иборат аз Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами Миллӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое мебошанд, дар шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд ва симои пойтахти Тоҷикистонро нисбати солҳои гузашта дигаргун намудаанд. Ҷойгоҳ:шаҳри Душанбе, хиёбони Шерозӣ 11[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

28 апрели соли 2016 дар ҷаласаи ширкати NWFA 2016 Wood Flooring Expo дар шаҳри Спрингфилди ИМА барандагони ҷойизаи «The 2016 Wood Floor of the Year» («Беҳтарин нигоришҳои фаршҳои чубин, русӣ:Лучшие напольные деревянные изображения 2016 года») эълон гардиданд. Байни 8 ғолибони озмун, якеаш ба нигоришҳои фаршҳои чӯбини Кохи Миллат — қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Ин нигориш аз ҷониби ширкати «Yantarnaya Pryad-Parquet», ки офисаш дар шаҳри Химкии вилояти Маскав воқеъ аст сохта шудааст.[2]

Ҷоизаи дигаре, ки ба бинои Кохи Миллат (Қасри миллат) ишғол намудааст, ҷойи дуюм дар феҳристи «10 қасри бошукӯҳи президентӣ» дар веб-сайти англисизабони «TheeStle» мебошад. Аз рӯи зебогии меъморӣ, Қасри миллати ш. Душанбе сазовори ҷойи дуюм гашта, танҳо баъд аз Қасри сафеди ш. Вашингтон, ИМА меистад.[3]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]