Jump to content

Ҳалиса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳалила)

Ҳалиса, ҳалила

Як навъ таоми миллии тоҷикист. Гандумро шуста, ба деги обдор андохта, якуним соат меҷўшонанд. Баъд гандумро гирифта, каме мехушконанд ва аз гӯштқимакунак мегузаронанд. Дар деги дигар ба муддати 2-3 соат гӯшти гӯсфанд ва говро дар об мепазанд, сипас гандуми резашуда ва пиёзро аз болои гӯшт меандозанд. Он 3-4 соат меҷӯшад, дар ин вақт бо кафлез дегро кофта меистанд. Одатан, дегро бо кафлез кофтан, кори мардон аст. Ҳалиса баъд аз пурра ҳал шудани гӯшту устухон ва гандум, дар натиҷаи ҷӯшидану бо кафлез кофтан, ҳамчун таом барои хӯрдан тайёр мешавад. Ҳалисаро дар рӯзҳои идҳои миллӣ ба мардум ҳамчун таом пешкаш мекунанд. Дар Панҷакент, Шаҳринав, Ҳисор, Душанбе нимфаъол аст.

  • Ҳалиса // ЭСТ. Ҷ. 8. - Душанбе, 1988, с. 358.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. - Душанбе, 1988.[1]


  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 161