Jump to content

Ҳомид Маҷидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомид Маҷидов
Ҳомид Маҷидов
Таърихи таваллуд 15 июн 1937(1937-06-15)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ , ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 июн 2022(2022-06-20) (85 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995)
Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997)

Ҳомид Маҷидов (15 июни соли 1937, деҳаи Чоряккорон, ноҳияи Рӯдакӣ — 20 июни 2022, Тоҷикистон) — забоншинос, доктори илми филология (1995), профессор (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳомид Маҷидов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961—1964), муаллими калон (1967—1973), дотсент (1974—1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик. Солҳои 1985—1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002—2005 мудири кафедраи забони муосири тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро ба уҳда дошт.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳомид Маҷидов аз бунёдгузорони назарияи фразеология (таъбирот)-и забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Вай тамоми умр бо ин мушкилоти сарбаста машғул шуда, як силсила масъалаҳои мубрами онро ҳал кардааст. Аз ҷумла, муқаррар намудани сатҳи фразеологияи забони тоҷикӣ дар радифи системаҳои дигари он, гурӯҳҳои маъноӣ, сохторӣ, мансубияти ҳиссаи нутқӣ ва шаклу гурӯҳҳои грамматикии воҳидҳои фразеологии забони тоҷикӣ ба ӯ тааллуқ дорад. Дар асару мақолаҳои сершумори ба мушкилоти фразеология бахшидаи ӯ ҳамчунин масъалаҳои сермаъноӣ, омонимия, синонимия, антонимия, услубиёт, манбаъҳои пайдоиш, фарҳангсозии фразеологӣ тадқиқ шуда, қонуниятҳои мавҷудият ва амали ин воҳидҳои ниҳоят пуробуранги забони тоҷикӣ муқаррар карда мешаванд. Ин ҳама назарияву натиҷагириҳои дар монографияи «Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик» (Душанбе, 2006) ҷамъбаст гардидаи ӯ аз ҷониби мутахассисони худӣ — Ғаффоров Р., Капранов А., Рустамов Ш. ва махсусан, хориҷи кишвар — Рубинчик Ю. А. (Москва), Шафоӣ Р., Султонов Р. (Боку), Гертсенберг Л. Г. (Санкт-Петербург), Ғаниев А. Г. (Тошканд) ҳамаҷониба дастгирӣ шудаанд.

Ҳ. Маҷидов дар баробари тадқиқи системаи фразеологии забони тоҷикӣ ба масъалаҳои мубрами луғат, сарф, савтиёт, имло ва услубиёти забони муосири тоҷик низ машғул шудааст. Ба хусус, ақидаҳои ӯ нисбат ба калима ҳамчун воҳиди асосии забони тоҷикӣ ҷолиби диққатанд. Ӯ аввалин бор дар забоншиносии тоҷик нишонаҳои фарқкунандаи калимаи тоҷикиро баррасӣ намуда, онро аз воҳидҳои сатҳҳои фразеология ва нутқ ҷудо мекунад. Вай ба ақидаи ғалати дар забоншиносии тоҷик ҳукмрони аз маънои аслӣ пайдо шудани ҳамаи маъноҳои маҷозӣ зарбаи қотеъ зада, навъҳои воқеии маъноҳои луғавии забони тоҷикиро таҷзия намудааст, ки ба ин қатор маъноҳои мафҳумӣ, эҳсосотӣ, модалӣ ва ишоратӣ шомил ҳастанд. Дар нигоришоти Маҷидов, ки ба масъалаҳои луғатшиносӣ бахшида шудаанд, ҳамчунин аввалин бор дар забоншиносии тоҷик масъалаҳои калимаҳои ҳамоҳанг, вожаҳои услуби баланд ва паст, ҳамнишинӣ ва интихоби онҳо дар нутқ, вазифаҳои луғатнигории тоҷик ва усулҳои фароҳам овардани луғату фарҳангҳои мухталифи забони тоҷикӣ тадқиқ гардида, ба як низоми муайян дароварда шудаанд. Вай бо мавзӯъҳои фразеология ва луғатшиносии тоҷик дар зиёда аз 50 конфронс ва симпозиумҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ баромад кардааст. Ақидаҳои фразеологӣ ва луғатшиносии ӯ дар корҳои тадқиқотии беш аз 100 муҳаққиқи тоҷик ва эроншиносони хориҷи кишвар тадбиқи худро ёфтаанд. Дар як силсила асару мақолаҳои Маҷидов роҷеъ ба масъалаҳои мубрами грамматика сухан меравад. Ба ин ҷумла, «Гурӯҳҳои феъли забони тоҷикӣ» (1978), «Ибораҳои фразеологӣ ва таркибҳои феълӣ» (1986), «Оид ба Гурӯҳи намуди феъл дар забони тоҷикӣ» (1999), «Оё барои забони мо грамматика зарур аст?» (2009), «Мулоҳизае чанд роҷеъ ба баъзе масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ» (2010) шомил ҳастанд. Дар ин асарҳо вай доир ба масъалаҳои шакл, Гурӯҳ ва сохтори сарфии калима ва таъбироти тоҷикӣ таваққуф кардааст.

Аз назари диққати Ҳомид Маҷидов масъалаҳои мубрами меъёрҳои забони адабии муосири тоҷик, ҳусни баён, услубиёт ва тозагии забони тоҷикӣ низ берун намондаанд. Дар мақолаҳои вай «Оид ба баъзе майлонҳои номатлуб дар забони адабии муосири тоҷик» (2003), «Оид ба масъалаи мутобиқати калимаҳои иқтибосии русӣ ва аврупоӣ» (2003), "Оё, мо забони адабии шифоҳӣ дорем? " (2004), «Забони адабии тоҷик ва меъёрҳои луғавии он» (2005) риоя нашудани меъёрҳои корбурди забони адабии имрӯза, махсусияти асосҳои ҳусни баёни тоҷикӣ, ҷалб намудани диққати аҳли фазли тоҷик ба масъалаи тозагии забон ба миён гузошта шудаанд. Умуман, ба қалами Маҷидов 11 китобу рисолаҳои ҷудогона ва зиёда аз 170 мақолаи илмиву методӣ мансуб аст. Асару мақолаҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ низ ба табъ расидаанд. Ҳ. Маҷидов аз методистони шинохтаи забони тоҷикӣ дар системаи мактабҳои олии мамлакат ба шумор меравад. Бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуъбаҳои филологияи тоҷики мактабҳои олӣ китобҳои дарсии вай «Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик»(1982) ва «Забони адабии муосири тоҷик. Луғатшиносӣ» (2007) ба табъ расидаанд, ки онҳо ҳамчун васоити асосии таълимӣ истифода бурда мешаванд. Вай мураттиби «Барномаи забони адабии муосири тоҷик» (2005), «Барномаи услубшиносии забони адабии тоҷик» (2005) ва «Барномаи асосҳои ҳусни баён» (2005) буда, дар танзим ва таҳрири зиёда аз 10 барномаҳои дигари таълимии забони адабии муосири тоҷикӣ ширкат варзидааст. Фаъолияти муҳарририи ӯ низ пурмаҳсул аст. Зиёда аз 20 номгӯй асарҳои монографӣ, маҷмӯа ва дастуру китобҳои дарсии муҳаққиқони ҷавон бо таҳрири ӯ аз чоп баромадаанд. Ҳамчунин вай бо тақризу тавсияҳои худ ба нашри монография, дастур ва китобҳои дарсии забоншиносони маъруфи тоҷик Хушенова С. В., Рустамов Ш., Хаскашев Т., Шаропов Н. А., Маҳмудов М., Муслимов М., Хоҷаев Д. ва бисёр дигарон мусоидат намудааст. Ҳомид Маҷидов баробари фаъолияти илмиву педагогӣ бо корҳои муфиди ҷамъиятӣ низ масруф аст. Бо роҳбарии ӯ панҷ нафар забоншиноси ҷавон рисолаҳои номзадӣ дифо намудаанд. Феълан вай ба 5 нафар аспиранту унвонҷӯ ва 1 нафар докторант роҳбарӣ мекунад. Вай дар дифои рисолаҳои докторию номзадии зиёда аз 10 нафар унвонҷӯён ба ҳайси муқарризи расмӣ баромад карда, ҳамчун аъзои гурӯҳи коршиносони назди шӯроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии муҳаққиқони зиёди дигарро барои ҳимоя пешниҳод намудааст. Ҳомид Маҷидов узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи коршиносони назди Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба нашри китобҳо ва барномаҳои таълимӣ, аъзои ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Забоншиносӣ»-и назди АИ Тоҷикистон мебошад. Вай солҳои зиёд ба ҳайси аъзои Шӯрои махсуси АИ Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои докторӣ аз забон, аъзои комиссияи кори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни забон ва аъзои гурӯҳи кории ҳукуматии Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ адои вазифа намудааст.

  • Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик.- Душанбе, 1982;
  • Ҳилол Каримов — муаллими нахустини мо.- Душанбе, 1982;
  • Изучение русской фразеологии в таджикской школе (дар ҳамкорӣ).- Душанбе, 1980;
  • Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик.- Душанбе ,2006;
  • Инъикоси воқеият дар воҳидҳои фразеологии забони адабии тоҷикӣ. — Д., 2002;
  • Фразеологическая система современного таджикского литературного языка.- Душанбе, 2006;
  • Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик. — Д., 2006;
  • Забони адабии муосири тоҷик. Луғатшиносӣ. — Д., 2007;
  • Мулоҳизае чанд роҷеъ ба масъалаҳои грамматикаи забони тоҷикӣ. — Д., 2010;
  • Истиқлол ва забони давлатӣ. — Д., 2011;
  • Фасоҳати сухан ва интихоби маънои дақиқ. — Д., 2012;
  • Фонемаи Ъ (сакта) ва имлои он. — Д., 2013;
  • Меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷикӣ. — Д., 2013;
  • Сеҳри сухани форси тоҷикӣ (мақолаҳои мунтахаб). — Д., 2014.
  • The Similarity of Reflecting Reality in tajik phraseology and in other languages // The «Shahname» of Firdowsi is uniqe, creative, and artistic achievement in history of word civlization.- Dushanbe- Tehran, 1994.
  • Лутфуллоев, М., Раҳимзода, Х. Олими забоншинос ва инсони комил. — Д., 1997;
  • Камоли одамӣ дар илм бошад. — Д., 2007.[1]
  • Бо медали «Собиқадори меҳнат» (1987),
  • нишони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995),
  • унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997).


  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 331—332.