Ҳусейни Назрулло
Ҳусейни Назрулло | |
Таърихи таваллуд: | 20 май 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ: | Истаравшан ҶШС Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор |
Ҳусейни Назрулло — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1983), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусейни Назрулло 20 майи соли 1954 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 1971, пас аз хатми мактаби миёна вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, пас аз хатми он, соли 1976, фаъолияти кориро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кардааст. Сипас, солҳои 1982-1996, дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор карда, солҳои 1991-1996 сармуҳаррири Идораи барномаҳои дувум (студияи «Фурӯғи Ориёно»)-и Радиои Тоҷикистон будааст. Ҳамзамон, солҳои 1978-1981 ва 1984-1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан, то соли 2000, дар ноҳияи Зафаробод, дар вазифаи мудири шуъбаи Ҳукумати ноҳия фаъолият бурда, аз сентябри 2000 то октябри 2003 котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан ва сарвари Студияи телевизиони «Курушкада» будааст. Аз ибтидои соли 2004 хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд аст. Аз соли 1983 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи китобҳои «Замини Акбар» (Хуҷанд, 2002), «Юбилейный Истаравшан глазами Вароруда» (ба забонҳои русӣ ва инглисӣ; Истаравшан, 2002), «Роҳи муқаддас» (дар ҳаммуаллифии Б.Воҳидпур ва Ҷ.Маҳкам; 2004), «Некӯниҳод» (Истаравшан, 2006), «Баракати Истиқлол» (Истаравшан, 2007), «Афғонистон: оташ дар хонаи ҳамсоя» Хуҷанд, 2009), «Чашмаи хирад» (Хуҷанд, 2013) мебошад. Ҳамчунин, муаллифи бисёр очерку фелетону памфлет ва мақолаҳои публитсистист.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Ҳафтсолагии Инқилоби Савр»;
- Медали «Аз халқи сипосгузори Афғонистон»;
- Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР;
- Ифтихорномаи КМ ВЛКСМ ва ғайра;
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2002);
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2010);
- Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (2006);
- Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2014).[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.154 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 май
- Зодагони соли 1954
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Истаравшан
- Адибон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XXI
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон