Ҷашну маросимҳои мардумии Исфара
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Ҷашну маросимҳои мардумии Исфара хусиятҳои маҳаллӣ доранд. Ҷашни таваллуд, бурёкубон, маросими хатна, тӯйи арӯсӣ ва диг аз қабили онҳост.
Аз қадим ба расмият ва суннат ворид гаштааст. Мақсади асосии он ғамхорӣ нисбат ба модару кудак ва ҳифзи саломатии онҳо аст.
Қаблан ин корро бибиҳо, ки шахсони бекинаву беозор ва поку сиришткор буданд, ба анҷом мерасониданд. Ба модар маслиҳатҳо медоданд, кудакро оббозӣ медоштанд, нигоҳубин карда, либосҳояшро танзим мекарданд.
Кӯдакро оббози дошта, дeстону [амсоягонро даъват мекунанд. Ширини ва мева[ои тару тозаро рeйи дастархон мегузоранд. Биби [озир мешавад, лавозимоти га[вораро омода мекунанд. Биби се бор навзодро аз зери даста ба беруни га[вора мебарад ва аз рeйи дастаи га[вора дохил мекунад ва баъд ба га[вора мехобонад. Рeйи га[вора ширини[оро пош меди[анд. {озирин ширини ва мева мехуранд. Раrсу сурудхони мекунанд.
Тӯйи Хатна
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷашнест — барои хатна кардани кӯдак дар синни чаҳор - панҷсолагӣ. Одатан ба пизишкон муроҷиат мекунанд, вале баъзан устоҳои сартарош низ хатна мекунанд. Падару модар мавриди муносиберо интихоб намуда, як ҳафта пеш нонвой, ошпаз, қандрез, қассоб, дастархончӣ, пешхизматҳоро даъват мекунанд.
Қандрезӣ яке аз маросимҳои хонаводагии суннатии сокинони ш. Исфара мебошад, ки дар одатан дар хона қиёмро омода карда, қандҳои болиштак, мавиздор, лавс, ҳалвои пашмак (50 кг аз ҳар навъи он) месозанд.
Чанд нафар аз дӯстон ва хешу ақраборо ба хонаи тӯйдор даъват намуда, роҳу равиши тӯйро маслиҳат мекунанд. Дар ҷамъбасти маслиҳат меҳмононро бо оши палав зиёфат мекунанд. Аз ҳамин маросим, вожаи маслиҳатошӣ байни мардум маъмул гардида ба миён омадааст.
Хешу табор, а[ли ма[алла гирди [ам омада, сабзиро (беш аз 500кг) пора мекунанд. Дар Исфара сабзиро «бехи» ва гашничро «сабзи» мегeянд. Қаблан барои ин кор тахтача[ои резакуни, корд[оро омода месозанд. Касе, ки бештар ва зеботар пора мекунад, онро ташвиr мекунанд. Ҳофизон сурудхони мекунанд ва тан[о мард[о иштирок карда кабоби деги мепазанд (худи мардхо онро омода мекунанд). Рӯзи дуввум оши нахор аз соати 6 то 8 суб[, ки rаблан паго[и шeрбо, нисфирeзи оши терма ва бего[и барои а[ли ма[алла ош медоданд. {амзамон кeдакони 6-15-соларо низ пазирои мекунанд.
Ба ин маърака танҳо занҳо даъват мешаванд. Ҳунармандон рақсу суруд мехонанд (бештар занҳо) ва оши палов ҳам медиҳанд. Бегоҳӣ маросими хатнаи кӯдак барпо мегардад. Кӯдакро ба ҷойгоҳи махсус хобонда, устои сартарош (чукбур) аз хешу табор (аммаҳову холаҳо) талаб мекунанд, ки тӯёна диҳанд.
Сумалак аз таомҳои наврӯзӣ буда, хони солинавии деҳқононро оро медод. Сумалакро дастҷамъи тайёр мекунанд. Дар охири моҳи Ҳут, дар арафаи ҷашни Наврӯз занон дар тараддуди тайёр кардани сумалак мешаванд. Гандумро тоза карда, якчанд бор мешӯянду се рeз тар карда мемонанд. Гандум, ки неш зад, дар рӯйи тахта ё лаълӣ паҳн карда, ба бом бароварда мемонанд. Гандум оби борон дида ва дар муддати 5-6 рӯз сабзида, тадриҷан шира мегирад. Сабзаи гандумро бо корд бурида, дар угур мекӯбанд ва ба он об ҳамроҳ карда, шираашро мегиранд. Хамсояҳо, орд ҷамъ карда, дег мешинонанд. Пеш аз шираро ба орд омехта, ба дег андохтан равuани зағирро доғ карда, чалпак мепазанд. Пас аз xӯшидани сумалак доира зада, рақсу бозӣ мекунанд ва суруд мехонанд.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |