Ҷаҳони андеша
Ҷаҳони андеша — маҳфили фалсафӣ - фарҳангӣ дар ибтидо, дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва айни замон дар тобеияти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ, асосгузораш Комил Бекзода, октябри соли 1993.
Заминаҳои таърихии Маҳфил
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз таърихи тамаддун ва маданияти умумибашарӣ маълум аст, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳои пеш аз милод мактабу маҳфил ва равияю ҷараёнҳои динию мазҳабӣ, маърифатию фарҳангӣ ва илмию фалсафӣ арзи вуҷуд карда буданд. Дар фалсафаи Юнони антиқа мактабҳои милетӣ, пифагориён, равоқиён, киникиҳо, софистҳо, Магар, академияи Афлотун, литсейи Арасту ва ғайра аз ҷумлаи чунин ҷараёну равияҳои илмӣ-фалсафӣ мебошанд. Марҳилаҳои асосии инкишофи фалсафаи Чини қадимро бошад, маҳз ҳамин гуна мактабу маҳфилҳо (аниқтараш равияҳои даосизм, легизм, конфутсизм, моизм) ташкил медиҳанд. Барои пешрафти илм ва фалсафа дар Ҳинди қадим низ мактабҳои фалсафие (даршан), чун йога, веданта, нияя, вайтешина, санкхя ва миманса саҳми босазо гузоштанд. Дар инкишоф ва ташаккули фалсафаи классикии тоҷик ҳам мактабҳои бонуфузи фалсафӣ ва фалсафию мазҳабӣ - даҳрия, зурвония, асҳоби ҳаюло, машшоия, калом, тасаввуф, исмоилия, ихвон-ус-сафо, ҳикмати ишроқ, ҳикмати мутаолия ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд.
Дар ҳар давру замон гуногунандешию назароти мухталифи одамон ҷомеаи вақти хешро ба пеш мебарад, зеро ҷамъиятро фаъолияти одамон ба вуҷуд меорад. Агар дар ҷамъият ҳар қадар фикру ақида ва андешаю назарҳои мухталиф ҷой дошта бошанд, он ҷомеа ҳамавақт ҷамъияти созанда ва пешрафта мебошад. Дар замони муосир ҳамин назароти мухалифи инсонҳо фаҳмиши онҳоро доир ба ҷамъият дигаргун сохтааст. Фикру ақоиди мухталифи одамони як ҷамъият ҳамеша дар бархӯрд аст ва ин бархӯрд боиси таҳаввулоту пешрафти ҳаёти иҷтимоии инсоният мегардад. Агар дар ҷамъият идеалогияи ягона ҳукмфармо бошад, он ҷамъият ҳеч гоҳ ба пеш намеравад, чунки идеяи ягона одамонро ба парокандагӣ мебарад. Масалан, фалсафаи иҷтимоӣ ба он назар аст, ки яке аз сабабҳои парокандашавии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз идеологияи ягонаи коммунистӣ буд.
Таъсиси Маҳфил
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замони муосир бошад, падидаи бисёр хубе ба вуҷуд омад, ки инсонҳо озодона афкору назари худро баён менамояд. Ин озодфикрию озодандешӣ пеш аз ҳама кулли мамолики Ғарб ро фаро гирифт. Ва фалсафаи эшон чун фалсафаи обояшон, ки ҳамеша пешсаф аст, ба якчанд ҷараёнҳои ҷадиду созанда - неопозитивизм, прагматизм, персонализм, экзистенсиализм, неотомизм, структурализм, ратсионализми танқидӣ ва герменевтика ҷудо гардид. Пас аз соҳибистиқлол гардидан халои илмию фикрии Тоҷикистонро низ андешаҳои мухталиф пур намуданд. Мутаассифона аксари ин андешаҳо на афкори созандаю пешбаранда, балки фикру ақидаҳои куҳнаю фарсудаи сихаластикӣ ва ё ба ибораи дигар «андешаи асри ҳафти араб» буданду ҳастанд. Аммо ҳеч як ҷамъият якқутба нест ва дар ин ҷамъияти пасазистиқлолии мо низ буданд афроде, ки ҳамеша фикри озодии инсон, фикри ҳаёти осоиштаю ҷовидона, фикри баргаштан ба асли хеш, фикри ободии ватан, фикри пешрафти илму фалсафа, фикри созандагию навгонӣ ва ғайраро мекарданд. Яке аз чунин шахсиятҳои миллӣ файласуф, шарқшинос ва шоир Комил Бекзода мебошад.
Маҳз бо ташаббуси бевоситаи Комил Бекзода моҳи октябри соли 1993 дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ маҳфили фалсафӣ - фарҳангии «Ҷаҳони андеша» таъсис дода шуд. Ин маҳфили илмӣ ё «Мактаби фалсафии Бекзода» аз соли таъсисёбӣ то имрӯз тавонист, ки дари илму хирад, фарҳангу маърифат ва озодихоҳию рӯшанфикриро ба рӯи даҳҳо ҷавонони соҳибзавқу илмдӯсти тоҷикистонӣ боз намояд. Вале дар тамоми ҷомеаҳо тӯда (авом) инсонҳои озодандешу равшанфикрро ҳеч гоҳ чашми дидан надорад, зеро барои тӯда эътиқод муҳим аст, на фикру андеша ва ё илму фалсафа. Ва дар бисёр ҷамъиятҳои инсонӣ файласуфони туфайлию безавқ ва тӯдамаобу ҳасудхӯр низ бисёранд. Ана ҳамин қабил, ба ном «файласуф»-он буданд, ки маҳфили илмӣ - фалсафӣ - фарҳангии «Ҷаҳони андеша» моҳи феврали соли 2012 ба таври расмӣ баста шуд. Вале андешаи инсонро чигуна метавон баст?. Маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар ин умри кутоҳи худ барои инкишофу пешрафти фалсафаи муосири тоҷик хеле хидмати босазо намуд. Файласуфоне, чун Ҳафиз Холиқзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Нозим Нурзода, Шодӣ Атоӣ, Исомуддин Шарифзода, Нуриддин Шаҳобуддин, Усмон Камолиён, Фирдавс Ниёзӣ, Фирдавс Ҳаитов, Убайдулло Раҳматов, Латиф Латифӣ, Меҳр Собириён, Илҳом Қурбоншоев, Мустафо Қаландаров ва дигарон дастпарварони ин маҳфили илмӣ - фалсафӣ мебошанд, ки ҳар яки он халои ақлонию зеҳнии фалсафаи муосири тоҷикро пур менамоянд.
Ба гумонам, дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон аз мактаби устод Бекзода дида, бузургтар ва тавонотар мактаби фалсафие вуҷуд надорад, ки тавонад инсонҳоро аз бозиҳои маҳалгароӣ, аз пайравии мазҳабҳои аҷнабӣ, аз миллатгароиҳои хориҷӣ, аз бунбасти фикрӣ, берун орад ва ба онҳо роҳ нишон диҳад, ки ба арзишҳои фарҳанги баланди умумибашарӣ ва инсонгароӣ арҷ гузоранд. Чунки устод Бекзода аз ҷумлаи он нобиғаҳоест, ки ҳеч гоҳ дар доираи синну сол, ҷинсу пӯст, маҳаллу миллат, дину мазҳаб, ҳайъати этникию нажодӣ, ҳарф намезананд, илова бар ин ӯ инсонест, ки ҳамеша ҷаҳонро бо чашми нек менигарад ва ҳамавақт дар бораи зиндагӣ ва ҳаёти воқеии тамоми аҳли башар сухан мекунад. Мактаби фалсафии Бекзода, дар маҷмӯъ таҷассумгари кулли фаъолияти накӯи инсонӣ буда, ҳамеша роҳҳои раҳоӣ аз маргро ҷустуҷӯ намуда, барои кулли инсоният ҳаёти ҷовидонагӣ, зиндагии осоишта, озодию истиқлолхоҳӣ, дӯстию рафоқат ва ҳадафҳои асосии соҳиб шудан ба фарҳанги миллии хешро пешниҳод менамояд. Ин мактаби илмӣ - фалсафӣ бешубҳа яке аз ҷараёнҳои асосии фалсафаи муосири Шарқ буда, дар тӯли мавҷудияти хеш тавонист, ки барои дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи намудани илми тоҷик, чунин ашхосро ба воя расонад.
Намояндагони Маҳфил
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комил Бекзода файласуф, шарқшинос, мутарҷим ва шоири тавонои миллат аст, ки фалсафаи тоҷик дар масири таърихии худ рӯи мубораки ин қабил инсонҳои беғаразу гуманистро кам дидааст. Устод Бекзода аз зумараи он ашхоси нотакрорест, ки ба ҷаҳон ҳамеша бо чашми нек менигаранду аз ҳеч кас тамае надоранд. Ба андешаи ӯ инсоният бояд, аз ҳама гуна дину мазҳаб, эътиқоду парастиш, хурофотҳои осмонӣ, ҷабру зулм, тарсу ҳарос, гирифторию бечорагӣ ва ғайра бояд орӣ бошад. Ва ҳеч гоҳ намиранда бошад…
- Мирзо Боқӣ рӯзноманигор, муҳаррир ва шоири ширинкаломи тоҷик аст. Устод Боқизода хотираи бисёр фавқулодае дорад, ки аз тамоми шоирони классики тоҷик - форсу хориҷа ва адибони муосири Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳои олам ҳазорҳо шеъру достон, ғазалу рӯбоӣ, қитъаю қасида ва порчаҳои алоҳидаи насриро аз ёд медонад. Ин марди оқилу фозил метавонад, ки на танҳо дақиқаю соатҳо, балки рӯзҳою ҳафтаҳо аз ашъори шоирони мухталиф шеърҳо қироат намояд. Вале, аз байни ин ҳама шоирону носирон ва олимону мутафаккирон устод Боқизода ду шахсияти писандида дорад: Муҳаммад Иқбол ва Фридрих Нитше. Ба андешаи ӯ Иқбол шоири файласуф асту Нитше файласуфи шоир. Ва ӯ мегӯяд, ки: «Иқбол аз нигоҳи ҳунари шоирӣ нисбат ба Нитше хеле мақоми баланд дорад. Аммо Нитше бошад, файласуфест, ки фалсафаи Иқбол дар назди фалсафаи ӯ ҳеч арзише надорад…».
- Файзи Олӣ новобаста аз ҳуқуқшиноси донишманду равшанфикр буданаш, инчунин ба таъриху адабиёт ва фарҳангу фалсафа низ шавқи бенадоза дорад. Илова бар ин, устод Файз бисёр олими борикбину нуктасанҷ ва хеле инсони дурандешу ҳушёр буда, зиракии фавқулодаи сиёсӣ дорад. ӯ ҳамеша дар назди худ суол мегузорад, ки чаро мардуми соддаю гумроҳ ба қонунҳои аз ҷониби инсонҳои солимақл пешниҳодшуда, ки зиндагии эшонро дар ҷамъият танзим менамоянд бовар надораду қонунияти бофтаи мутаасибону хаёлпарастони гумроҳро ҳамеша тарафдорӣ менамоянд?. Ба андешаи устод Файз инсоне, ки аз илму дониш ва фарҳангу маданият дур монд, пас ба дину мазҳаб наздик мешавад ва баъдан ба ривояту афсонаи осмонӣ, набию расули набуда мепайвандад, бахусус дар Шарқи исломӣ.
- Ҳафиз Холиқзода аз зумраи он файласуфон ва равшанфикрони сатҳи ҷаҳонист, ки ба ҳар як падида, ҳодиса ва воқеа чунон шарҳи илмие медиҳад, ки ҳатто мутахассиси ҳамон соҳаи илм ба он падида ё ҳодиса чунин баҳои арзишманд дода наметавонад. ӯро на танҳо дар Тоҷикистон медонанду мешиносанд, балки устод Холиқзодаро дар Аврупо низ медонанд ва ба донишу хиради тоҷиконааш арҷ мегузоранд. Ҳафиз бисёр ҳам инсони фарҳангӣ буда, ҳангоми суҳбат ҳеч гоҳ сари эҳсос сухан намекунад. Ҳар як фикрашро ҳамаҷониба санҷида, онро бо далелҳои қонеъкунанда ба сомеон мерасонад…
- Ёрмуҳаммад Ниёзӣ файласуф, арабшинос ва синошиноси номвари тоҷик буда, бештар ба масоили худшиносии инсон тадқиқоти фалсафӣ мебарад. Андешаи устод Ниёзӣ дар мавриди худшиносӣ он аст, ки инсон дар асоси ангезаи ғаризаҳо, марҳила ба марҳила худшиносии худро ташаккул медиҳад. Он ғаризаҳое, ки дар худшиносии инсон муассиранд ва ӯро такон медиҳанд: яке ғаризаи ҷустуҷӯгар ва дигаре ғаризаи шаҳват…
- Нозим Нурзода адабиётшинос ва файласуфи озодандешу рӯшанфикрест, ки барои ӯ маҳаллу мазҳаб ҳеч арзише надорад. Барои устод Нурзода муҳимтар аз ҳама ирода ва андешаи мустақили инсон аст, ки одам дар такя ба он ба пеш меравад ва дар ҷамъият мақоми муайянро ишғол менамояд. Агар андешаи инсон мустақил нест, ҳатто ӯ инсон ҳам нест ва ин одам наметавонад, ки аслу насаби хешро шиносад. Ба гафтаи нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов ин гуна одам «манқур» аст - меандешад устод Нурзода…
- Исомуддин Шарифзода файласуфи рӯшанфикру соҳибиродаи имрӯзу ояндаи миллат буда, яке аз пайравони асосии «Мактаби фалсафии Бекзода» маҳсуб меёбад. Ва хушбахтии устод Шарифзода ҳам дар ҳамин аст, ки бисёр инсони миллатдӯст аст ва ба ҳеч дину мазҳаби аҷнабӣ бовар надорад. Ва ҳадафаш дар зиндагӣ баргаштан ба асли худ ва озод намудани тоҷикистониён аз ҳар гуна ривояту хурофоти бофтаю фарсудаи қадимулайёми араби «сустморхӯр» мебошад. Шарифзода инсони ҳақиқатҷӯи роҳи фалсафаи ҳаёти ҷовидонагист…
- Нуриддин Шаҳобуддин аз зумари муҳаққиқони маъруфи таърихи фалсафаи тоҷик аст, ки имрӯзҳо дар Урупо иқомат дорад. Аслан Урупо - ҷаҳони якум ҳеч гоҳ илму амали ҷаҳони сеюм (Осиёву Африқо)-ро қабул надорад ва барои мо тоҷикон боиси ифтихор аст, ки чунин олими ҷавони тоҷик фалсафаи муосири тоҷикро дар ҷаҳони аввал муаррифӣ менамояд. Устод Нуриддин низ нисбат ба кулли мардуми башар назари гуманистона дорад ва хостори абадияти ҷисмонии инсон аст…
- Шодӣ Атоӣ ҷуғрофидон, ҷомеашинос ва файласуфест, ки ҳар як ҳодисаю воқеа ва рӯйдодро на аз рӯи гуфтаю шунидаи дигарон, балки аз рӯи ақлу дарки худ ва бар далелҳои маърифати илмӣ ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ менамояд. Ва албатта ҳар як таҳлили ӯ заминаи воқеӣ дошта, баҳри пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд. Устод Атоӣ билкулл сабаби хурофтпарастӣ ва мутаассибии аксарияти мардумонро дар ноогоҳӣ ва нодонии онҳо медонад. Ба андешаи ӯ созандаи худо ин заъфияти худи инсон аст ва ҷомеае, ки дар он инсони озодандеш умр ба сар мебарад ҷомеаи солим ва ормониро созмон медиҳад…
- Усмон Камолиён файласуф ва ҷомеашиноси ихтисосманди муосири тоҷик аст, ки ба олами атроф бо чашми хирад ва андешаи нек менигарад. Барои ӯ муҳим худи инсон аст, на дину мазҳаб ва миллату нажоди ӯ. Устод Камолиён ақида дорад, ки агар инсон бо маърифат ва соҳибхирад бошад, барои ӯ ҳеч дину мазҳабе муҳим нест, кадом динеро хоҳад қабул менамояд. Чунки моҳияти ҳамаи динҳо ахлоқгароист, на андешагароӣ…
- Фирдавс Ниёзӣ забоншинос ва рӯзноманигори чирадастест, ки ҳар як ҳодиса ва воқеаро бе ягон далелу рақам тадқиқ наменамояд. ӯ ба ҳар масъалаи ҳаётии инсон ба таври воқеӣ баҳо медиҳад. Ба ақидаи ӯ ҳамон инсоне, ки бештар маълумотҳоро медонад маҳз ҳамон одам инсони ҳушёру закӣ аст. Зеро инсони ҳушёру зирак факту далелҳои бисёре медонад ва ин инсони воқиф чи гуна метавонад, ки ривояту афсонаҳои хурофотию осмонии авоми ноогоҳро қабул намояд.
- Меҳр Собириён (Лутфулло Баротов) иқтисоддони донишманд ва инсони озодандешу миллатдӯст буда, дар маркази таваҷҷуҳи андешаи ӯ ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, таҳаммул нисбат ба дигарон, гуфтор бо далоили илмӣ ва вуҷуд доштани ҳар гуна алтернативаи созанда нисбат ба андешаи дигар меистад. Ӯ инсони бисёр ҳам ҳалиму меҳрубон ва худогоҳу дурандеше мебошад, ки нисбат ба ҳар як падидаю ҳодиса назари хоси худро дорад ва кӯшиш менамояд мавқеашро нисбат ба ҳамон ҳодисаю воқеа бо далелҳои қотеъи илмӣ муайян намояд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1. «Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо» / Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. - Душанбе: Дониш, 2015. - 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
- 2. «Файласуфи зиндагӣ» / Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. - Душанбе: Дониш, 2015. - 84 с.
- 3. http://faraj.tj/culture/3367-1206a1203oni-andesha-i-komil-bekzodaro-charo-bastand.html Бойгонӣ шудааст 29 май 2015 сол. // «Ҷаҳони андеша»-и Комил Бекзодаро чаро бастанд?