Чингиз Айтматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чингиз Торекулович Айтматов
қирғ. Чыңгыз Төрөкулович Айтматов
Чингиз Айтматов дар соли 2003
Чингиз Айтматов дар соли 2003
Таърихи таваллуд: 12 декабр 1928(1928-12-12)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 июн 2008(2008-06-10)[4][1][2][…] (79 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: сиёсатмадор, диплумот, рӯзноманигор, тарҷумон, румоннавис, филмноманавис, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, нависанда, насрнавис
Солҳои эҷод: 19522006
Жанр: румон, повест[d] ва румони кӯтоҳ
Забони осор: фаронсавӣ[1], русӣ[1][5][7] ва қирғизӣ[1][5]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
Осор дар сайти Lib.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Чинги́з Тореку́лович Айтма́тов (қирғ. Чыңгыз Төрөкулович Айтматов; 12 декабри 1928, Шакар, кантони Талас, ҶАШС Қирғизистон — 10 июни 2008, Нюрнберг, Германия) — нависандаи қирғиз[8]; ходими ҷамъиятӣ, сафир, Нависандаи халқии Қирғизистон (1968), академики АИ Ҷумҳурии Қирғизистон (1974), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978)[9]. Барандаи Мукофоти ленинӣ (1963) ва секарата Мукофоти давлатии ИҶШС (1968, 1977, 1983). Қаҳрамони Қирғизистон (1997).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Фрунзе (Бишкек) ва курси олии адабии Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1958). Ба ду забон — русӣ ва қирғизӣ эҷод мекард.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиаш аз ҳикоянависӣ ва тарҷумаи асарҳои нависандагони қирғиз (ба русӣ) оғоз ёфтааст. Ҳикояи нахустинаш «Рӯзномафурӯш Дзюйдо» (1952). Баъдан ҳикояҳои «Ҳошим» (1953), «Сепоячӣ», «Борони сафед» (1954), «Ҳарифон», «Дар замини лалмӣ», «Дар соҳилҳои Байдамол» (1955) ва ниҳоят қиссаи «Рӯ ба рӯ» (1957) ба табъ расиданд. Соли 1958 повести «Ҷамила» ба табъ расид. Ин асар ба забонҳои халқҳои собиқ шӯравӣ ва хориҷӣ тарҷума шуд ва дар олами адаб нуфузи калон пайдо намуд. Муаллиф аз ишқи ду дилдода — Ҷамила ва Дониёр ба чунон як тариқи хоси бадеӣ ҳикоят мекунад, ки на фақат дар адабиёти шӯравии қирғиз собиқа надошт балки дар адабиёти умумииттифоқи шӯравӣ низ сухани нав буд. Дар асарҳои баъдинаи Айтматов — «Сарвқади рӯймолсурхаки ман» (1961), «Чашми уштур», «Муаллими нахустин» (1962), «Роҳи Каҳкашон» (1963) ва «Турнаҳои бармаҳал» (1976) ҷанбаи романтикӣ қувват гирифт. Қаҳрамонҳои ин асарҳо наврасон ва ҷавонмардонеанд, ки бо тақозои рӯзгор ба пешгоҳи зиндагӣ баромада, ба набарди нобаробари иҷтимоӣ мепардозанд ва оқибат пирӯз мешаванд. Гурӯҳи дигар асарҳои Айтматов — повесту романҳои «Падруд, ҷонваракам» (1966), «Саги алое, ки лаб-лаби баҳр метозад» (1978), «Дуроҳаи Бӯронӣ» (1980), «Қиёмат» (1986), «Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд» (2006) ва ғайра таҷассумгари таҳаввули эҷодиест, ки нависанда аз охири солҳои 60 садаи XX сар карда, аз сар гузаронидааст. Моҳияти ин таҳаввул, ки дар эҷодиёти Айтматов аз повести «Сафинаи сафед» сар шуда дар романи фалсафию иҷтимоии «Дуроҳаи Буронӣ» ба авҷи худ расидааст, суст шудани ҷанбаи романтикию дидактикӣ ва қувват гирифтани ҷанбаи реалистӣ дар эҷодиёти ӯ мебошад. Дар ин асарҳо аз баъзе зуҳуроти номатлуби замон, тақдири башар, баъзе ҳодисоти экологӣ (зараррасонӣ ба табиат) ва ғайра сухан меравад.

Сарчашмаҳои эҷодиёти Айтматов фолклори халқҳои туркизабон (хосса қирғиз), адабиёти классикии рус, адабиёти собиқ шӯравӣ, адабиёти ҷаҳон (махсусан, адабиёти Америкаи Лотинӣ ва Япония), адабиёти Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик мебошанд. Яке аз хусусиятҳои услубии Айтматов — истифодаи устураву ривоятҳост. Нависанда аз устура, ривоят, бофтаи фантастикӣ (тахайюлӣ) ва сужетҳои сюрреалистӣ, истифода бурда, кашфиёти нави бадеӣ кардааст. Аз рӯи асарҳои Айтматов филмҳо ва спектаклҳо таҳия шудаанд. Масалан, пйесаи Айтматов (ҳамроҳи К. Муҳаммадҷонов) «Қуллаи Фудзияма» соли 1974 дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аксар асарҳои Айтматов ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудаанд. Айтматов ба гирифтани 46 мукофоти баландтарину олии СССР, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Мукофоти ленинӣ (1963), Мукофоти давлатии СССР (1968, 1977, 1983), Мукофоти давлатии Қирғизистон (1976), мукофоти «Лотос» («Нилуфар»), Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, ҷоизаҳои баъзе кишварҳои Европа, ШМА ва ғайра мушарраф гардидааст. Дар охирҳои умраш аз соли 1990 то 1996 сафири СССР (1990—1991) ва Россия (1992—1994) дар Люксембург ва Қирғизистон дар кишварҳои Бенилюкс (1994—1996) буд. Асарҳои Айтматов ба 154 забони дунё тарҷума шудаанд. Теъдоди асарҳои чопшудааш соли 1999 ба 20 млн расид. Дар Қирғизистон ба номи Айтматов мукофоти «Медали тилоӣ» таъсис ёфтааст (1999). Соли 2008 дар Қирғизистон Соли Чингиз Айтматов эълон гардида буд.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  4. http://rt.com/news/famous-writer-aitmatov-dies-aged-79/
  5. 5.0 5.1 5.2 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 30. — ISBN 978-2-221-06888-5
  6. Deutsche Nationalbibliothek Record #118501259 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  7. CONOR.Sl
  8. Айтматов Чингиз. www.vedu.ru. 20 июни 2016 санҷида шуд.
  9. Большая Российская энциклопедия: В 30 т. / Председатель науч.-ред. совета Ю. С. Осипов. Отв. ред С. Л. Кравец. Т. 1. А — Анкетирование. — М.: Большая Российская энциклопедия, 2005. — 766 с.: ил.: карт.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Турсунов А., Назаре ба афлоки бадеии Чингиз Айтматов (Сухан аз романи «Дуроҳаи Бӯронӣ»), дар кит.: Айтматов Ч., Дуроҳаи Бӯронӣ, Д., 1985;
  • Турсон А. Ақл ва адл. Мусоҳиба, маҷ. «Садои Шарқ», № 3 — 5, 2010;
  • Гачев Г., Чингиз Айтматов и мировая литература, Фрунзе, 1982;
  • Рыскулова Ж., Восприятие творчества Чингиза Айтматова в англоязычных мамлакатх, Фрунзе, 1987;
  • Ахматалиев А., Чингиз Айтматов и взаимосвязи литератур, Бишкек, 1991;
  • Полякова Г., Предание о Матери Оленихе в «Белом пароходе» Чингиза Айтматова, М., 1999.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]