Ҷон Ф. Кеннедӣ
Ҷон Ф. Кеннедӣ | |
|---|---|
| англ. John F. Kennedy | |
| Портрети Ҷон Кеннедӣ дар офиси байзавӣ, соли 1963 | |
| | |
| 20 январи 1961 — 22 ноябри 1963 | |
| Ноиби президент | Линдон Ҷонсон |
| Пешгузашта | Дуайт Эйзенҳоуэр |
| Ҷонишин | Линдон Ҷонсон |
| 3 январи 1953 — 22 декабри 1960 | |
| Пешгузашта | Ҳенрӣ Кабот Лоҷ |
| Ҷонишин | Бенҷамин Смит |
| 3 январи 1947 — 3 январи 1953 | |
| Пешгузашта | Ҷеймс Майкл Кӯрлӣ |
| Ҷонишин | Тип О'Нил |
|
|
|
| Таваллуд |
29 майи 1917 Бруклайн, Массачусетс, ИМА |
| Даргузашт |
22 ноябри 1963 (46 сола) Даллас, Техас, ИМА |
| Оромгоҳ | Оромгоҳи миллии Арлингтон |
| Хонадон | Хонаводаи Кеннедӣ |
| Ном ҳангоми таваллуд | John Fitzgerald Kennedy[2] |
| Падар | Ҷозеф П. Кеннедӣ Ср. |
| Модар | Роуз Фитзҷералд |
| Ҳамсар | Ҷаклин Бувие (х. 1953) |
| Фарзандон | |
| Ҳизб | Демократӣ |
| Таҳсилот | Донишгоҳи Ҳарвард (AB) |
| Дин | католисизм |
| Соядаст |
|
| Ҷоизаҳо | |
| Вебгоҳ | whitehouse.gov/ab…(англ.) |
| Навъи артиш | Нерӯи баҳрии ИМА |
| Рутба | Таҳмабон[3][4], новбон дувум[4] ва Новбон севум[4] |
| Набардҳо | |
Ҷон Фитзҷералд "Ҷак" Кеннедӣ (англ. John Fitzgerald "Jack" Kennedy), ки ҳамчунин бо номи англ. JFK (Ҷей-Эф-Кей) маъруф аст, 35-умин президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Ӯ ин вазифаро аз соли 1961 то кушта шуданаш дар соли 1963 дошт. Ӯ ҷавонтарин президент дар таърихи ИМА буд, ки дар синни 43-солагӣ[1] интихоб гардида буду аввалин президенти католикӣ буд. Кеннедӣ дар авҷи Ҷанги Сард фаъолият карда, қисми зиёди сиёсати хориҷии ӯ ба муносибатҳо бо Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба равона шуда буд. Ӯ узви ҳизби демократии ИМА буд ва пеш аз президент шуданаш, штати Массачусетсро дар ҳар ду палатаи Конгресси ИМА намояндагӣ мекард.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷон Фитзҷералд Кеннедӣ (англ. John Fitzgerald Kennedy) 29 майи соли 1917 дар наздикии шаҳри Бостон, дар маҳалли Бруклайн ба дунё омадааст. Падари ӯ Ҷозеф П. Кеннедӣ Ср. соҳибкору сиёсатмадор буд ва модараш, Роуз Фитзҷералд, шахси хайрхоҳ ва иҷтимоӣ буд.[5][6]
Бобои падарии ӯ П.Ҷ. Кеннедӣ роҳбари маҳалла дар Ист-Бостон ва вакили қонунгузории иёлати Массачусетс буд.[7] Бобои модарии ӯ ва ҳамномаш John F. Fitzgerald узви Конгресси ИМА ва ду маротиба шаҳрдори Бостон буд. Ҳар чор бобою бибии ӯ фарзандони муҳоҷирони ирландӣ буданд.[1]
Кеннеди як бародари калонӣ бо номи Joseph P. Kennedy Jr. ва инчунин ҳафт хоҳару бародари хурдтар: Розмерӣ Кеннедӣ, Катлин Кеннедӣ, Eunice Kennedy Shriver, Patricia Kennedy, Роберт Ф. Кеннедӣ, Jean Kennedy Smith ва Тед Кеннедӣ.
| Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- ↑ 1.0 1.1 1.2 John F. Kennedy Miscellaneous Information. John F. Kennedy Presidential Library and Museum.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118561383 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Biographical Directory of the United States Congress (ингл.) — GPO, 1903.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 JFK Service Transcript — Naval History & Heritage Command, 2014.
- ↑ Dallek, 2003, p. 20.
- ↑ A History of 83 Beals Street, Brookline, Massachusetts: Birthplace of John Fitzgerald Kennedy. National Park Service.
- ↑ Patrick Joseph Kennedy Personal Papers. John F. Kennedy Presidential Library and Museum.