Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Новбон севум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новбон севум
Сардӯшӣ ва нишони остини новбон севум дар Нерӯи дарёии Эрон
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناوبان سوم
Кишвар  Эрон
Дараҷаи болотар Новбон дувум
Дараҷаи пойинтар Новдор якум
Ҳамто

Новбон севум (форсӣ: ناوبان سوم‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новдор якум ва пойинтар аз новбон дувум дорад ва баробар бо таҳмадор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2].

Размпоягон
кеҳтар:
Новдор якум

Новбон севум
меҳтар:
Новбон дувум

«Новбон» ба маънои «киштибон» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:

Бад-он новбон гуфт Фирӯзшоҳ,
Ки киштӣ барафкан ҳамакнун ба роҳ[3].

Ин истилоҳ аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو‎ < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ[4] + -бон (форсӣ: بان-‎ < порсии миёна: -bān, -vān < паҳлавӣ: pāna-нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā-поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[5]. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда, варзанда, доранда» аст[6]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (нов) + пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Дараҷаи «новбон» соли 1935 бо раводиди Фарҳангистони забони Эрон ба ҷои «сутвони нерӯи дарёӣ» ба кор гирифта шуда[7] ва ҳамтои лейтенант[1] (аз фр. lieutenant < фр. lieu tenant < лот. locum tenens «ҷойнишин») аст, ки дар нерӯҳои дарёии кишварҳои урупоӣ ба кор меравад ва се рутба дорад:


  1. 1.0 1.1 Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 285; 447. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ.. 22 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 июли 2023.
  3. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 28 августи 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 августи 2024.
  4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  5. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
  6. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 40. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.