Ҷумъа Одина
Таърихи таваллуд: | 13 март 1930 |
---|---|
Зодгоҳ: | деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ |
Таърихи даргузашт: | 14 сентябр 1982 (52 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Солҳои эҷод: | 1964—1981 |
Самт: | реализми сотсиалистӣ |
Жанр: | ҳикоя, роман |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1990) |
Ҷумъа Одина (13 марти соли 1930—1982) — нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1966).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷумъа Одина 13 марти соли 1930 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол (ИҶШС), ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст. Солҳои гуногун муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», муҳаррири Радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири Кумитаи табъу нашри Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» ва ходими адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст. Ӯ 14 сентябри соли 1982 вафот кард.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин навиштаҳои Ҷумъа Одина солҳои шастуми асри бистум ба табъ расидаанд. Асарҳояш аз солҳои 60-ум ба чопшавӣ cap кардаанд. Соли 1964 дар моҳномаи «Садои Шарқ» қиссаи аввалинаш «Авроқи рангин», соли 1968 қиссаи дигараш «Иншо дар мавзӯи озод» ба табъ расидаанд. Соли 1970 ҳар ду қисса бо номи «Авроқи рангин» дар як муҷаллад аз чоп баромадаанд. Соли 1973 маҷмӯаи ҳикояҳояш «Чанбари оташ» чоп шудааст. Соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд. Повести «Иншо дар мавзӯи озод» (соли 1974) ва як силсила ҳикояву очерк ва қиссаҳои ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар матбуот чоп шуданд.
Дар тарҷумаи бадеӣ ҳам пешдаст буд. Зиёда аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки романҳои В.Сабко «Кафолати сулҳ», И.Шамякин «Дил дар кафи даст», В.Латсис «Писари моҳигир», Г.Марков «Сибир» аз он шумуланд.[1] Асарҳои Н. Тихонов, Я. Гашек, С. Алӣ, Г. Кирх, И. Шамякин, Г. Марков ва дигаронро хонандагони тоҷик дар тарҷумаи ин нависандаи хушсалиқа хондаанд.[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — С. 172 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ http://ruzgor.tj/component/content/4231.html?task=view(пайванди дастнорас) КИТОБИ СӮХТА: ҶУМЪА ОДИНА ВА ИСТИБДОДИ ҲИЗБӢ ДАР ШӮРАВӢ
- Зодагони 13 март
- Зодагони соли 1930
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Даргузаштагони 14 сентябр
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик
- Нависандагони асри XX
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ