Jump to content

Мадагаскар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷумҳуриии Мадагаскар)
Мадагаскар
Repoblikan'i Madagasikara
Парчам Нишон
Шиор: «Tanindrazana, Fahafahana, Fandrosoana (Ватан, Озодӣ, Тараққиёт)»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Мадагаскар|Ry Tanindraza nay malala ô
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Фаронса)
Забони расмӣ Малагасӣ, Фаронсавӣ
Пойтахт Антананариву
Шаҳри калонтарин Антананариву
Идораи давлат ҷумҳурии президентӣ
президент Андри Радзуэлина
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
45-ум ҷой дар ҷaҳон
587041 км²
7.0 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Зичӣ
57-ум ҷой дар ҷaҳон
18400000
31.3 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Ба сари аҳолӣ
118-ум ҷой дар ҷaҳон
1,582 млн. $
900 $
Пули миллӣ Ариари МГА
Интернет-Домен .mg
Коди телефон +261
Соат UTC +3 соат
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Харитаи Мадагаскар Мадагаскар — кишвар — ҷазираест дар уқёнуси Ҳинд, дар наздикии соҳили шарқии Африқо. Ҷазираи Мадагаскар аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад. Олами ҳайвонот ва олами набототи он хеле ғанӣ буда, дар ин ҷо 5 % аз миқдори умумии ҳайвоноту набототи Замин мавҷуданд, ки 80 % танҳо дар ҳудуди Мадагаскар во мехӯранд. Дар байни онҳо лемур аз ҳама машҳур аст. Мадагаскар ва Мавритания кишварҳое мебошанд, системаи даҳии арзҳои миллиро истифода намебаранд.

Ҷумҳурии Мадагаскар — кишварест дар соҳили шарқии Африқо дар ҷазираи Мадагаскар. Масоҳаташ — 587 ҳазор км. кв., аҳолӣ — 18.4 млн нафар (соли 2005, аз рӯи баҳододи СММ).Пойтахташ — шаҳри Антананариву.

Сиёсат ва ҳукумат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахшбандии кишварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишвар аз музофотҳои маъмурии зерин иборат аст:

Номи ҳамаи музофотҳо бо номи марказҳои маъмуриашон мувофиқат мекунанд.

Қисми марказии ҷазираро платои Баланд (Имерина) ишғол кардааст, ки он мунтазам ба тарафи ғарб паст шуда, аз ҳамвориҳои соҳилҳои шарқӣ ҷудо аст. Қуллаи баландтарин -вулқони хомӯши Марумукутру (2876 м аз сатҳи баҳр) — дар қисми шимоли кишвар ҷойгир аст. Дарёҳои Мадагаскар кӯтоҳ ва обшорадор аз захираҳои обӣ бой мебошанд. Дарёҳои қисми шарқии кишвар тамоми сол об доранд. Дарёҳои муҳимтарини кишвар — Суфиа, Мангуки, Бетсибука, Вухитра. Кӯли калонтарин — Алаотра — дар шимолу шарқ ҷойгир аст.

Забонӣои расмӣ — малагасӣ ва фаронсавӣ. Халқҳои дар ҳудуди кишвар иқоматдошта — мерина, бетсилеу, бетсимисарака, сакалава, антандруи — ба нажоди омехтаи муғулу зангӣ, ки дар натиҷаи омехташавии муҳоҷирон аз архипелаги Малай ва соҳили шарқии Африқо пайдо шудаанд, мансубанд.


Фарҳанг ва маориф

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи