Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷумҳурии Қаробоғи Кӯҳӣ)
Jump to navigation Jump to search
Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ
арманӣ. Արցախ
Парчам[d]Coat of arms[d]
Flag of Artsakh.svgCoat of arms of Artsakh.svg
Таърихи таъсис 1991
Номи расмӣ арманӣ. Լեռնային Ղարաբաղի Հանրապետություն, Արցախի Հանրապետություն[1]
Номи кӯтоҳ Արցախ
Аҳолӣ Kharabají, artsají, қарабоғӣ ва Artsakhiote[2]
Забони расмӣ арманӣ
Гимн Azat u ankakh Artsakh[d]
Қитъа Осиё
Пойтахт Степанакерт
Мавқеият Қафқоз
Навъи ҳукумат Ҷумҳурӣ
Фармонраво President of Artsakh[d]
Сарвари давлат Arayik Harutyunyan[d]
Вазифаи сардори ҳукумат President of Artsakh[d]
Сарвари ҳукумат Bako Sahakyan[d]
Маҷлис National Assembly of Artsakh[d]
Шумораи аҳолӣ
Зербахш Shahumyan Region[d], Shushi (province)[d], Martuni Region[d], Martakert Region[d], Kashatagh Region[d], Hadrut Region[d] ва Askeran Region[d]
Минтақаи замонӣ UTC+4
Пули миллӣ Nagorno-Karabakh dram[d] ва Драми Арманистон
Дорои Stepanakert Stadium[d] ва Tigranakert of Artsakh[d]
Ҳаммарз бо Арманистон, Озарбойҷон ва Эрон
Масоҳат
  • 11 458,1074 км²
Хештеги արցախ
Тасвири нақшаи мавқеият
Detail map
Ҷуғрофиё Q4135632?
Рамзи давлатии телефон +37447
Emergency phone number 112[d]
Commons-logo.svg Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ дар Викианбор

Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ (арманӣ. Լեռնային Ղարաբաղի Հանրապետություն), номи расмии лигар — Ҷумҳурии Артсах (арманӣ. Արցախի Հանրապետություն) – ҷумҳурии эътирофнашуда[4] дар Трансқафқоз, эълоншудаи 2 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи муштараки Шӯрои вакилони халқии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ ва ноҳияи Шаумяни ҶШС Озарбойҷон дар ҳудуди Вилояти мухтори Кӯҳистони Қарабоғ (ВМКҚ/ВМҚК; русӣ: Нагорно-Карабахская автономная область / НКАО) ва ноҳияи ҳамсарҳади Шаумяни ҶШС Озарбойҷон.

Тибқи тақсимоти маъмурию-ҳудудии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳудуди идорашавандаи ҶҚК, қисми Озарбойҷон ҳисобида мешавад.

Дар шимоли минтақаи ҷуғрофии Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва шимолу шарқи паҳнкӯҳи Арман ҷойгир аст. Дар ғарб бо Арманистон, дар шимол ва шарқ бо Озарбойҷон ва дар ҷануб бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳат — тақр. 11 500 км².

Аҳолӣ тибқи пешбинии барӯйхатгирии соли 2015 — 150 932 нафар. Дини афзал – масеҳӣ.

Пойтахт ва шаҳри калонтарин — Степанакерт (Ханкенди).

Этимология[вироиш]

Таърих[вироиш]

2 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи якҷояи Шӯроҳои вакилони халқи Кӯҳистони Қарабоғ ва ноҳияи Шаумян Эъломия дар бораи эълом шудани Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ ва ноҳияи ҳамшафати Шаумяни ҶШС Озарбойҷон қарор қабул карда шуд [5].

10 декабри соли 1991 райъпурсӣ оид ба мақоми ҶҚК баргузор гардид, ки 99,89% иштирокчиёни он ба тарафдории истиқлоли он овоз доданд. Ин фоиз аз он сабаб ба даст оварда шудааст, ки раъйпурсӣ аз ҷониби аққалиятҳои озарбойҷонӣ (23% шумораи умумии аҳолӣ) бойкот карда шудааст.[6] То ҳоло, раъйпурсӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф карда нашудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқи олмонӣ Йоханнес Рау, бинобар вазъи душвори амниятӣ ва таъқибот алайҳи аҳолии Озарбойҷон, ин раъйпурсӣ наметавон қонунӣ ҳисобида шавад.

Илова бар қаламрави ВМКҚ ва ноҳияи Шаумяни Озарбойҷон, раъйпурсӣ инчунин дар як қисми қаламрави Ноҳияи Хонлар баргузор гардид, ки баъдтар дар минтақаи Қарабоғ ва Арманистон номи зерноҳияи (подрайон) Геташенро гирифт, ки он тавре, ки мақомоти СММ нишон медиҳанд, вуруди ин қаламравро ба Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ таъмин кардааст [7][8][9].

6 январи соли 1992 парлумони ҶҚК даъвати аввал - Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ Эъломия "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ" -ро қабул кард. Баъд аз эълони истиқлол муноқишаи тақрибан чаҳорсолаи Арманистону Озарбойҷон ба амал омад, ки боиси шумораи зиёди қурбониён ва гурезагон дар ҳарду ҷониб гардид [10][11], ки дар натиҷаи истифодаи хушунати азим, тозакунии қавмӣ бар зидди ақалияти озарбойҷониҳо ба амал омадаанд. Дар солҳои 19911994 муноқишаи низомӣ байни Ҷумҳурии Кӯҳистони Қарабоғ ва Озарбойҷон сар зад, ки дар ҷараёни он озарбойҷониҳоро арманиҳо аз қаламрави собиқ ноҳияи Шаумяни ҶШС Озарбойҷон ва як қисми Қарабоғи Кӯҳӣ ронданд ва Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ, ки аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон дастгирӣ мешуд, назорати якчанд минтақаи Озарбойҷонро, ки дар шафати Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойгир буданд, ташкил кард ва аҳолии муқимии озарбойҷониҳоро аз ин қаламрав ронд, ва чунин амали тоҷовузкоронаро Шӯрои Амнияти СММ соли 1993 ҳамчун ишғоли қаламрави Озарбойҷон аз ҷониби артиши Арманистон ҳисобид[12][13][14][15].

Муноқишаи низомӣ бо Озарбойҷон[вироиш]

Анҷоми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ[вироиш]

Рӯзи 9 ноябри соли 2020 Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эълом дошт, ки бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва президенти Русия Владимир Путин дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба созиш расидааст.[16] Тибқи иттилои ArmInfo, тибқи созишнома, нерӯҳои посдорони сулҳи Русия ба минтақа оварда мешаванд ва Арманистон то 20 ноябр ноҳияҳои Ақдам, Келбаҷар ва Лочинро ба Озарбойҷон бармегардонад. Президенти Русия Владимир Путин низ истиқрори нерӯҳои посдори сулҳ дар минтақаро тасдиқ кард.

“9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Пашинян ва Президенти Федератсияи Русия изҳороте ба имзо расониданд, ки аз 10 ноябри соли 2020 оташбаси комил дар Қарабоғи Кӯҳистониро талаб мекунанд”,

[17]

– иқтибос овардааст РИА Новости Русия.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия аллакай вориди минтақае шуданд, ки марзи Арманистон ва Озарбойҷон бо ҳам вомехӯранд. Субҳи рӯзи сешанбе вазорати дифои Русия тасвирҳоеро нашр кард, ки дар он корвони техникаи низомӣ ба самти фурудгоҳи Уляновск ҳаракат мекунад. Ин контингент дар заминаи дивизияи 15-уми тирандозии мототехникии Округи марказии ҳарбӣ ҷойгир аст. Даҳ ҳавопаймо бо сарбозони Русия ба минтақаи низоъ парвоз карданд.

Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Арманистон, истиқрори нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ аллакай оғоз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ комилан боздошта шудааст. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян аз ҳамватанонаш бахшиш пурсид.

«Матни изҳорот барои ман ва барои ҳамаи мо бениҳоят душвор аст. Дар натиҷаи таҳлили амиқи вазъи низомӣ … ман қарор қабул кардам, ки ин беҳтарин қарор дар ин руйдод аст. Бо президентҳои Русия ва Озарбойҷон дар бораи қатъ кардани ҷанги Қарабоғ соати 01:00 изҳорот имзо кардам»,

[18]

– гуфт Пашинян дар сафҳаи худ дар Фейсбук. Вай чунин иқдомро дар шароити кунунӣ беҳтарин номид ва гуфт, ки қатъи амалиёти низомӣ на пирӯзӣ аст ва на мағлубият. Президенти Арманистон Армен Саркисян гуфт, ки вай дар бораи созишномаи Қарабоғи Кӯҳӣ тавассути расонаҳо маълумот гирифтааст.

“Ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ, мутаассифона, ба ман машварат накардаанд, ин ҳуҷҷат муҳокима нашуд ва ман дар гуфтушунидҳо ширкат накардам”

[19]

гуфт ӯ. Вай гуфт, ки созишномаи оташбас бояд “мавзӯи машварат ва муҳокимаи ҳамаҷониба” гардад ва машваратҳои сиёсӣ

“барои зудтар ба даст овардани созиш дар бораи қарорҳое, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба даст омадаанд”

[20]

оғоз карда мешаванд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ ба мардум муроҷиат кард. Вай гуфт, ки созишнома ба манфиати халқҳои Озарбойҷон ва Арманистон қабул карда шудааст ва нерӯҳои Туркия барои назорати дуҷонибаи Изҳорот ҳамроҳи намояндагони неруҳои Русия ба сафи нерӯҳои посдори сулҳ шомил карда хоҳанд шуд. Алиев шартҳои созишномаро номбар кард ва дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ ғалабаи қатъии Озарбойҷонро эълон кард.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳаракатҳои фаъол дар марҳилаи низомӣ қатъ шуданд, марҳилаи сиёсӣ оғоз ёфт.”

«Мо нишон додем, ки роҳи ҳалли низоъ низ вуҷуд дорад. Мо санадеро имзо кардем, ки барои мо бениҳоят муфид аст. Пашинян ба ҷуз имзо кардан чораи дигаре надошт. То он даме, ки ман президент ҳастам, Қарабоғ ҳеҷ мақоми махсусе нахоҳад дошт! ”

Илҳом Алиев

Дар навбати худ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова иддаои Илҳом Алиевро дар бораи он, ки сарбозони Туркия ба ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дохил мешаванд, рад кард.

Шартҳои асосии Созишномаи байни Озарбоҷону Арманистон[вироиш]

Хабаргузории ArmInfo аз матни ин санад иқтибос овард. Ба гуфтаи ӯ, як контингенти неруҳои посдорони сулҳи Русия “дар тӯли хатти тамос дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва долон дар Лочин” мустақар хоҳад шуд, ки иборат аз 1960 нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо силоҳҳои оташфишон, 90 зиреҳпӯш, 380 мошин ва техникаи махсус мебошад.[21]

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақаи муноқиша 5 сол хоҳанд буд, ки бо розигии ҷонибҳо 5 соли дигар тамдид карда мешавад.[22]

Арманистон ба Озарбойҷон қаламравҳоеро бармегардонад, ки дар тӯли Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Қарабоғи Кӯҳӣ дохил намешуданд ва дар ибтидои солҳои 90 ишғол шуда буданд. Арманистон бояд ноҳияи Келбаҷарро то 15 ноябр ва ноҳияи Лочинро то 1 декабр ба Озарбойҷон супорад. Арманиҳо барои пайваст кардани Қарабоғи Кӯҳӣ бо Арманистон долони Лочинро (бараш 5 км) нигоҳ медоранд. Ин долонро неруҳои посдорони сулҳи Русия ҳифз мекунанд.[23]

Ҳудуди Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 2020 аз ҳисоби қаламравҳое, ки нерӯҳои Озарбойҷон дар давраи ҷанг ишғол кардаанд, кам карда мешавад.[24] Дар қатори дигар ноҳияҳо, арманиҳо аз шаҳри Шуша, ки яке аз шаҳрҳои асосии Қарабоғ аст (аз ҷиҳати стратегӣ ва рамзӣ) ҷудо карда шудаанд, ки онро низомиёни озарӣ рӯзҳои 7-9 ноябр ишғол карда буданд. Ханкенди (Степанакерт), ки аз Шуша 10 км дур аст, таҳти назорати Арманистон боқӣ хоҳад монд.

Ҷуғрофия[вироиш]

Тақсимоти маъмурӣ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://www.nkr.am/hy/constitution/9/
  2. https://www.haut-karabagh.com/declaration-du-mae-artsakhiote-sur-la-construction-dune-nouvelle-route-reliant-lartsakh-a-larmenie/
  3. http://stat-nkr.am/files/publications/joxovrdagrakan_2012.pdf
  4. C. Маркедонов. СНГ-2. Феномен непризнанных государств на постсоветском пространстве. По материалам Информационно-аналитического бюллетеня «ЕвроАзия». М., 2006 г., август(пайванди дастнорас — таърих). Кафедра стран постсоветского зарубежья РГГУ (10 сентябри 2006). 10 октябри 2009 санҷида шуд.
  5. Декларация о провозглашении Нагорно-Карабахской Республики(пайванди дастнорас — таърих). 3 августи 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2012.
  6. Сванте Корнелл. «Конфликт в Нагорном Карабахе: динамика и перспективы решения».
  7. Сайт президента НКР. История образования
  8. Нагорный Карабах: рискуя войной
  9. ГНО «Центр геодезии и картографии» государственного комитета кадастра недвижимости при правительстве РА по заказу государственного комитета кадастра и недвижимости при правительстве Нагорно-Карабахской Республики Административно-территориальное деление // Атлас Нагорно-Карабахской Республики. — Ереван: Тигран Мец, 2009. — С. 10-11. — 95 с. — 1500 экз. — ISBN 978-99941-0-336-2 (рус.)
  10. Центральная Азия и Кавказ. База данных
  11. Фотографии
  12. Резолюция СБ ООН № 822 от 30 апреля 1993 года
  13. Резолюция СБ ООН № 853 от 29 июля 1993 года
  14. Резолюция СБ ООН № 874 14 октября 1993 года
  15. Резолюция СБ ООН № 884 от 12 ноября 1993 года
  16. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  17. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  18. Война будет приостановлена: Пашинян сообщил о трудном для него решении
  19. Президент Армении узнал из СМИ о договоренности по Карабаху
  20. Президент Армении узнал из СМИ о договоренности по Карабаху
  21. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  22. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  23. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  24. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации