Jump to content

Ҷӯрабек Назриев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯрабек Назриев
Таърихи таваллуд 23 июн 1946(1946-06-23)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 24 май 2020(2020-05-24) (73 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии Тоҷикистон), ИҶШС
Ҷоизаҳо Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1990), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).

Ҷӯрабек Назриев (23 июни 1946, ноҳияи Ховалинг — 24 майи 2020, Душанбе) — доктори илми филология (1996). Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996). Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1990). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).[1] Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Овозхони маъруфи тоҷик.

Зиндагинома

Ҷӯрабек Назрӣ 23 июни 1946 дар деҳаи Наврӯҳои ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Волидайнаш аз деҳоти Ғожу Тоғмайи ноҳияи Дарвоз ба Хатлон омадаанд, ки сабабаш муҳити носозгори соли 1937 будааст. Баъдан, тобистони соли 1954, хонадонашон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи кунунӣ) кӯч бастааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 23 ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур) — шаҳри Душанбе, соли 1963, донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудааст. Аз соли хатми Донишгоҳ то кунун дар Академияи илмҳо кор мекунад ва аз дараҷаи аспирантию ходими илмӣ то мақоми директори Иттиҳодияи музейҳои адабӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ расидааст. Ҳоло мудири «Ганҷинаи мероси хаттии ба номи академик А. Мирзоев»-и Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ АИ ҶТ мебошад.Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев), донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24 майи соли 2020 дар 74-солагӣ даргузашт.[2]

Эҷодиёт

Ӯ соли 1974 дар мавзӯъи «Мактабии Шерозӣ ва достони „Лайливу Манҷун“-и ӯ» рисолаи номзадӣ, соли 1996 дар мавзӯъи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ (1983), Матни илмии интиқодии «Лайливу Маҷнун»-и Мактабӣ" (Теҳрон, 1993), «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (1996), «Қиссаи Сулаймону Билқис дар адабиёти форсӣ» (1996), «Нома ва номанигорӣ дар „Шоҳнома“ (Теҳрон, 2001), „Таърихи Ҳумоюн“-и Гулшанӣ» (2007), Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома». — Д., 2014, Дарёи сухан пуроб бояд. — Д., 2016. ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар соҳаи мусиқиофаринӣ ва сурудхонӣ соҳиби мактаби хоссае буда, чандин ҳунарманди соҳибноми ҷумҳурӣ шогирди мактаби ҳунарии ӯстанд.

Ҷоизаҳо

  • Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1990).
  • Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).[3]

Эзоҳ

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  2. Ҷӯрабек Назрӣ-даргузашт(тоҷ.). www.ozodi.org. 24 май 2020 санҷида шуд.
  3. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 154 ISBN 978-99947-2-379-9

Адабиёт

  • Родмарди андеша ва ҳунар. — Д., 2007.

Пайвандҳо