Jump to content

Ӯринбойи Усмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ӯринбойи Усмон
Ӯринбойи Усмон
Таърихи таваллуд: 2 ноябр 1952(1952-11-02) (72 сол)
Зодгоҳ: Ҷамоати Исфисори ноҳияи Хуҷанд
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор
Забони осор: ӯзбакӣ ва тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ба номи Хоҷӣ Содиқ, Ҷоизаи байналмилалӣ «Барои ҷасорати журналистӣ»

Ӯринбойи Усмоннависандаи ӯзбекзабон, рӯзноманигор. Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯринбойи Усмон 2 ноябри соли 1951 дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи №6 ба номи Розия Озодро хатм кардааст. Дастпарвари факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд (1973). Аз июли соли 1973 фаъолияти кориро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» оғоз карда, то январи 1991 дар вазифаҳои мухбир, мухбири калон, мудири шуъба кор кардааст. Ҳамзамон, директори Созмони ҷамъиятии «Ҳокимияти чаҳорум» буд.

Навиштаҳои Ӯрунбойи Усмон дар бораи табиати нотакрори Бадахшон (ҳудуди 40 акс, соли 2010) ва суҳбатҳо бо шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, аз ҷумла, Фарзона, Ҷӯрабек Муродов, Сайрам Исоева ва диг., дар расонаҳои ахбори ҷумҳурӣ ба чоп расидаанд. Китобҳои «Спитаменнинг қотили» («Қотили Спитамен») (Тошканд), «Кӯргилик» ва «Тақдир» (Хуҷанд), «Синчли ӯй» («Хонаи синҷӣ») (Тошканд), «Анқонинг уруғи» («Тухми анқо») ва «Дарахтга дӯнган одам» («Одами ба дарахт табдилёфта») (Хуҷанд) зодаи табъи ӯстанд. Муаллифи романи «Таъқиб», драмаҳои «Пирдухтар», «Қулф», «Муқаддас» ва чандин қиссаву ҳикояҳост. Асарҳои алоҳидаи Ҳоҷӣ Содиқ, Самад Ғанӣ, Меҳмон Бахтӣ, Маъруф Бобоҷон, Ғайрат Ҳаким, Абдулҳамид Самад, Хуршеди Атовулло ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва чоп кардааст.

  • Барандаи Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ
  • Ҷоизаи байналмилалии «Барои ҷасорати журналистӣ» мебошад.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Д., «Адиб», 2014, – с. 246 ISBN 978-99947-2-379-9