Jump to content

Африқо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Африка)
Африқо
?
Парвандаҳо дар Викианбор

Африқоқораи аз ҷиҳати бузургӣ дуюмини кураи Замин (баъди Авруосиё). Дар Нимкураи шарқӣ воқеъ буда, аз (хатти) истиво ба Шимол ва Ҷануб то арзҳои субтропикии ҳар ду нимкура тӯл кашидааст. Масоҳати Африқо 29,2 млн км² (якҷо бо ҷазираҳо 30,3 млн км²).

Мавқеи ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Онро уқёнусҳои Атлантику Ҳинд ва Баҳри Миёназамину Баҳри Сурх иҳота кардаанд. Африқоро гарданаи борики Суэтс (120 км) ва канали Суэтс бо Осиё мепайвандад ва гулугоҳи Гибралтар (бараш 14–44 км) аз Аврупо ҷудо мекунад. Хатти истиво қариб аз байни Африқо мегузарад. Димоғаи шимолтарини Африқо – Алабёз дар 37020′ садаи ш., димоғаи ҷанубтаринаш – Сузан дар 340 52′ садаи ҷ. воқеанд. Африқо аз Шимол ба Ҷануб 8000 км ва аз Ғарб ба Шимол то 7500 км тӯл кашидааст. Ҷазираҳои назди Африқо дар Шарқ – Мадагаскар, Комор, Маскарен, Амирант, Сейшел, Пемба, Мафия, Занзибар, Сокотра (дар Уқёнуси Ҳинд); дар Ғарб – Канар, Димоғаи Сабз, Аннобон, Сан-Томе, Принсипи, Фернандо-По (Биоко), Мадейра, ҷазираҳои дур – Вознесение, Еленаи Муқаддас, Тристанда – Куня (дар Уқёнуси Атлантик). Соҳилҳои Африқо каме каҷу ноҳамворанд. Халиҷҳои калонтарин: дар Ғарб – Гвинея, дар Шимол – Сидра, дар Шимол – Суэтс ва Адан. Нимҷазираи калонтарини Африқо – Сомалӣ.

Аз рӯйи ҳисоби миёнаи баланд будан аз сатҳи баҳр Африқо қораи баландтарини олам мебошад (750 м). Қисми шимолиаш аз сатҳи баҳр 200–500 м, ҷанубиаш (ҷанубтар аз 100 садаи ҷ.) 1000–2000 м баланд буда, дар Африқои Шарқӣ низ ба 2000 м мерасад. Баландии баъзе кӯҳҳои оташфишон 5000 м ва аз он ҳам бештаранд. Ба Африқо пуштакӯҳҳои зина-зина ва суффа­кӯҳу баландиҳо (Ҳабашистон, Аҳаҷҷар, Тибест ва ғайра) хоссанд, ки дар онҳо тафтаҳои оташфишонӣ қабати базалтиро ба вуҷуд овардаанд. Дар фурӯхамидагиҳои таҳ­курсии Африқо пастхамиҳои Калахари, Конго, Чад ҷойгир шудаанд. Дар қисми шим. ғарбии он кӯҳҳои Атлас ва дар қисми ҷанубу шарқӣ кӯҳҳои Аждар воқеанд. Ба ташаккули релйефи Африқоҳаракатҳои тектоникии эраи мезозой таъсири зиёд расондаанд. Қисми шарқии қораро, аз халиҷи Суэтс то дарёи Замбези, пастхамиҳои фурӯрафта бурида мегузаранд, ки дар онҳо Баҳри Сурх, биёбони Донакил, кӯлҳои Африқои Шарқӣ (ғайр аз Виктория) ҷой гирифтаанд. Қад-қади тарқишҳои қишри замин кӯҳҳои оташфишони хомӯшшуда ва амалкунандаи Килиманҷаро (5895 м – нуқтаи баландтарини Африқо), Кения (5199 м), Рувензори (5109 м) ва ғайра воқеанд.

Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Харитаи табии Африқо
Харитаи табии Африқо

Африқо платформаи қадимӣ буда, ҳудуди он дар Ҷануб то кӯҳҳои Кап, ки аз чиндоршавии герсинӣ (охирҳои палеозой) ба вуҷуд омадаанд ва дар қисми шимолу ғарбӣ то кӯҳҳои Атлас, ки синни алпӣ доранд, мерасанд. Ҷинсҳои булӯрӣ ва метаморфӣ (гранитҳо, гнейсҳо, варақсангҳо) дар Африқои Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин қад-қади соҳилҳои Баҳри Сурх ва халиҷи Гвинея ба рӯ баромадаанд. Синни мут­лақи онҳо ба 3,5 млрд сол баробар аст. Ҷинсҳои қадимии қисми шимоли Африқо дар иҳотаи таҳнишастҳои ҷавон барҷаста­гиҳои алоҳидаро ташкил медиҳанд. Таҳшинҳои баҳрие, ки дар давраҳои байни ордовику аввали карбон, инчунин дар охири табошир ба вуҷуд омадаанд, бештар паҳн гаштаанд. Таҳшинҳои баҳриро таҳнишастҳои континентӣ (регсангҳои Нубия ва ғайра) пайи ҳам иваз мекунанд. Дар Африқои Ҷанубӣ, баръакс, дар масоҳати фарохи токембрий пастхамиҳои азими алоҳида – Конго, Калахари ва Карру мав­ҷуданд, ки аз таҳнишастҳои континентӣ – табақаҳои пиряхӣ, ангиштдор ва ҷинсҳои сурхранг пур шудаанд. Дар Африқои Шарқӣ мавҷуд будани минтақаи тарқишҳои калонтарини қишри замин ҷиҳати хосси сохти Африқо буда, аз Баҳри Сурх то дарёи Замбези тӯл мекашад. Дар ин минтақа Баҳри Сурх, пастхамии Афар (дар Ҳабашистон), кӯлҳои Африқои Шарқӣ (ғайр аз кӯли Виктория) ҷойгиранд. Пуштакӯҳҳои гудохтаи зеризаминӣ (Ҳабашистон, Кения) ва вулканҳои оташфишон (Меру, Нямлагира, вулкани минтақаи Врунги, Килиманҷаро ва ғайра) ба ин кафидаҳои қишри замин вобастаанд. Кафидаҳо дар давраҳои неоген – чорумин пайдо шудаанд. Дар Африқо заминҳои зангбастаи латеритӣ (дар ҷойҳои сернам), шӯрабаста (дар биёбонҳо), инчунин регзор (дар Саҳрои Кабир, Калахари, Намиб) дар давраи чорумин пайдо ва васеъ паҳн шудааст. Африқо ва махсусан Африқои Ҷанубӣ сарватҳои ғании зеризаминӣ дорад: конҳои алмос, платина, тило, манган, мис, хром (асосан дар РАҶ) аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд. Африқои Ғарбӣ аз маъдани оҳан, боксит, қалъагӣ; Африқои Шимолӣ аз фосфоритҳо, кобалт ва ванадий (26 млрд тонна) ғанӣ аст. Дар Африқои Шимолӣ ва соҳили халиҷи Гвинея захираҳои фаровони нафт (8,5 млрд тонна – конҳои Амир Интизар, Сарир – дар Либиё) ва газ (8 трлн м3 – конҳои Хасси Мессауд, Хассирмел дар Алҷазоир) кашф шудаанд. Захираҳои ангишти Африқо 178 млрд тонна (асосан Ҷануби Африқо) буда, аз ҷиҳати захираҳои манган (1,36 млрд тонна), хромит (3,9 млрд тонна), бокситҳо (10,2 млрд тонна), тило (аз нисф зиёди захираҳои ҷаҳонӣ), платина (90%-и захираи олам), алмос (75%-и захираи олам) пешсафи ҷаҳон мебошад.

Африқо қораи гармтарини олам аст. Ҳарорати миёнаи тобистон дар қисми шимоли Нимкураи шимолӣ 250, 300С (ғарби Саҳрои Кабир то 38°) ва дар қисми ҷануби он 250, 120С. Дар Нимкураи ҷанубӣ зимистон ҳарорати миёнаи қисми шимол 10°, 250С, қисми ҷануб аз 300С зиёд (дар қисми ҷанубу ғарбии Калахари). Дар ал-Азизия (Либиё) нуқтаи гармтарин дар Замин (+580С) мушоҳида мешавад. Нобаробарии бориш сабаби гуногунии иқлими Африқо аст. Иқлими истивоӣ (пастхамии Конго, соҳилҳои халиҷи Гвинея) ниҳоят сернам буда, бориши солона ба 1500–2000 мм мерасад; ба қадри аз (хатти) истиво дур шудан, бориши мавсими тобистонии ҳар як нимкура ба ҳам мувофиқат мекунад ва то 100 мм кам мешавад. Бориши зимистон фақат дар ноҳияҳои субтропикии қора ба амал меояд.

Обҳо (гидрография)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯлу дарёҳо дар Африқо ниҳоят нобаробар ҷойгир шудаанд. Ноҳияҳои наздиистивоӣ дарё­ҳои бисёре дошта, дар Шимол ва Ҷануб майдонҳои азим аз об­ҳои равон қариб маҳруманд. Конго, Нигер, Сенегал, Замбези, Норанҷи, Гамбия дарёҳои пуробтарини Африқо ва Нил дарёи дарозтарини дунё аст. Ҳавзаи онҳо қариб сеяки масоҳати қораро ташкил медиҳад. Манбаи бисёр дарёҳо – борон. Қариб ҳамаи кӯлҳои калони Африқо дар пастхамиҳои тектоникии паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ ҷой гирифтаанд. Кӯли калонтарини Африқо Виктория (фурӯхамидаи фарохеро ишғол кардааст) мебошад, ки аз ҷиҳати бузургӣ байни кӯлҳои обаш ширин ва кӯли Танганӣика аз ҷиҳати умқ (1435 м) дуюмин дар ҷаҳон аст. Аз рӯйи иқтидори захираи барқи обӣ (700 млн кВт, қариб 20%-и захираи ҷаҳонӣ) Африқо пас аз қитъаи Осиё дар ҷойи дуюм аст. Оби бештари дарёҳо барои обёрӣ истифода мешаванд. Тақсимоти нобаробари об дар бисёр ноҳияҳои қора таъмини обёрӣ ва оббарориро душвор мегардонад. Заминҳои обёришаванда ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳанд ва асосан дар соҳили дарёҳои Нил ва Нигер ҷойгиранд.

Хок ва наботот

[вироиш | вироиши манбаъ]
Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания
Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания

Хок ва набототи Африқо ба минтақаҳо тақсим мешавад. Қад-қади соҳилҳои халиҷи Гвинея ва пастхамии Конго бешаҳои сернами истивоӣ воқеанд. Бешаҳои анбӯҳи рустаниҳояшон гуногун, печактанаву эпифитҳо бисёранд. Дарахтҳо тақрибан ба 3000 навъ мерасанд. Дарахтони пурарзиш – сиёҳдарахт, кола, хурмо (аз баъзе навъҳои он май ва равған тайёр мекунанд) ва ғайра мерӯянд; хокаш хокистарранги латеритӣ. Дар Шимол ва Ҷануби дар ноҳияҳои гармсер тобистон бориш зиёд аст, то 35%-и масоҳати қитъаро саваннаҳои хоки сурхтоб, бешаҳои камдарахт ва буттазорон пӯшондаанд. Замини биёбонҳои тропикӣ (Саҳрои Кабир, Калахари) регзор ва санглох буда, набототаш аз рустаниҳои хушкидӯсту суккулентӣ иборат аст. Ба иқлими Саҳрои Кабир гиёҳҳои хӯшадори бебарг, буттаҳои паст хоссанд. Дар даштҳо гиёҳҳои хӯшадор ва дарахтони калон (баобаб), хурмо, ақоқиё мерӯянд. Дар канори шимолу ғарбӣ, ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ, яъне ноҳияҳои иқлимаш гармсер, бешаҳои хушк ва буттазорҳои хокашон хурмоӣ бештаранд. Дар Африқо 3712 ҷинс ва 4000 навъи рустаниҳо, аз ҷумла 900 флораи тропикии эндемӣ (дарахти аждаҳо, нахли сейшелӣ) мавҷуданд; хусусан дар қисми ҷануби Африқо, ки он ба флораи ноҳияи Голартика, Атлас, африқоию алпӣ, мадагаскарӣ, Кап ва ғайра мансуб аст. Канорҳои шимол ва ҷануби қораро, ки хокашон хурмоист, буттазорҳои ҳаме­шасабз фа­ро гирифтаанд. Нимаи дуюми садаи 20 фаъолияти инсон ҷангалҳоро коста ва чарогоҳҳоро камгиёҳ кардааст.

Олами ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]
Шери интизор дар Намбия
Шери интизор дар Намбия

Олами ҳайвоноти Африқо гуногуну ғанӣ аст. Дар Африқои Шимолӣ ва Саҳрои Кабир хояндаҳо бисёранд, якчанд навъи бузи ваҳшӣ (аз ҷумла ғизоли кӯҳӣ), шағол, кафтор вомехӯранд. Дар ноҳияи зоогеографии Ҳабашистон маймунҳои биниборик, ҳайвоноти сумдор ва ваҳшӣ бисёр буда, шутурмурғи африқоӣ низ ҳаст. Бешаҳои сернам (гилеяҳо) маймунҳои одамшакл (шимпанзе, горилла), баҳмут, заррофа доранд. Аз парандаҳо тӯтӣ, кабӯтар, мурғи шохдор ҳаёт мегузаронанд. Гамбуск ва ша­паракҳо бисёранд. Дар кӯҳсори Ҳабашистон ва Африқои Шарқӣ заррофа, зебра, бузи ваҳшӣ, говмеш, фил, баҳмут, шер, маймунҳои павиан; аз парандаҳо – шутурмурғ, лаклак ва ғайра боқӣ мондаанд. Дарёҳои Африқо тимсоҳ доранд, мор бисёр аст. Дар бешаҳои ҳавзаҳои Конго, Гвинеяи Поин ва Боло магаси сетсе (хунхор) ҳаст. Олами ҳайвоноти Африқо қир шуда, боқимондааш дар қӯруқҳо – парваришгоҳ (боғҳои миллӣ) муҳофизат мешавад. Дар ибтидои садаи XXI ҳудудҳои ҳифзшавандаи Африқо 7%-ро ташкил дода, 1254 минтақа, аз ҷумла 198 акваторияи баҳрҳо, 50 мамнӯъгоҳи биосферӣ, 80 шикор­гоҳи обию ботлоқии дорои аҳаммияти байнал­милалӣ ва 34 масдар (объект)-и ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО воридшударо ташкил медиҳад.

Ноҳияҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯйи шароити табиӣ Африқо ба ду ноҳия – Африқои Паст ва Африқои Баланд тақсим мешавад. Африқои Паст ноҳияҳои зерини табиӣ-ҷуғрофиёиро дар бар мегирад: кӯҳҳои Атлас, Саҳрои Кабир, Судону Гвинея ва пастхамии Конго. Африқои Баланд кӯҳсори Ҳабашистон, нимҷазираи Сомалӣ, Африқои Шарқӣ (қисми аз ҳама баланди Африқо) ва Африқои Ҷанубиро бо ҷазираҳои Мадагаскар дар бар мегирад.

Аҳолии Африқо 1 млрд нафар (2009). Африқо аз ҷиҳати этникӣ мураккабтарин минтақаи олам ҳисоб мешавад. Вай аз 1,5 ҳазор қабила, халқ ва миллат иборат буда, дар натиҷаи аз ҷойе ба ҷойе кӯчидани аҳолии таҳҷоӣ, вуруди арабҳои Осиё дар асрҳои миёна ва аврупоиён (асри 19) ташаккул ёфтааст. Аз рӯйи нишонаҳои антропологӣ аҳолии Африқо ба якчанд нажод тақсим мешавад. Аҳолии Африқои Шимолӣ асосан аврупоинажод аст. Дар ҷанубтари он аҳолии омехтаи зангию аврупоӣ зиндагӣ мекунад. Аҳолии қисми шимолу шарқиаш аз нажоди ҳабашии мобайнӣ иборат аст. Халқҳои зангинажод аз ҷанубтари Саҳрои Кабир то биёбони Калахари сукунат доранд. Дар биёбон­ҳои Калахари халқҳои койсан истиқомат мекунанд. Қисми асосии аҳолӣ сокини деҳотанд. Халқҳои Африқо бо зиёда аз 800 забон гуфтугӯ мекунанд. Ду гурӯҳи бузурги забонӣ: нигерию кордофанӣ (56%-и тамоми аҳолӣ) ва афроосиёӣ (34%) маълум аст. Асосан ду дин: насронӣ ва ислом роиҷанд. Шаҳрҳои калонтарини Африқо: Қоҳира, Искандария, Касабланка, Киншаса, Алҷазира, Аддис-Абеба, Йоҳаннесбург ва ғайра

Тақсимоти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

То Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қариб ҳамаи мамлакатҳои Африқо мустамликаи Британияи Кабир, Фаронса, Белгия, Португалия ва Испания буданд. Танҳо се мамлакат: Миср, Либерия, Иттифоқи Африқои Ҷанубӣ зоҳиран мустақил буданд. Дар натиҷаи муборизаи озодихоҳонаи халкҳои Африқо 61 давлати мустақил ташкил ёфт. Африқо аз рӯйи таснифоти СММ ба 5 минтақа тақсим мешавад: Шарқӣ, Марказӣ, Шимолӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ.

Африқои Шарқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бурунди, Ҷибути, Замбия, Зим­бабве, Кения, Ҷазираҳои Комор, Маврикий, Мадагаскар, Майотта (ҷазира, мулки Фаронса), Малави, Мозамбик, Реюнон (мулки Фаронса), Руанда, Ҷазираҳои Сейшел, Сомалӣ, Танзания, Уганда, Эритрея, Ҳабашистон;

Африқои Марказӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ангола, Габон, Камерун, Ҷумҳурии Демократии Конго, Ҷумҳурии Конго, Сан-Томе ва Принсипи, Республикаи Африқои Марказӣ, Чад, Гвинеяи Экваторӣ;

Африқои Шимолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алҷазоир, Миср, Саҳрои Кабири Ғарбӣ (мулки Марокаш), Либиё, Марокаш, Сеутава Мелилйа (мулки Испания), Судон, Тунис; Африқои Ҷанубӣ: Ботсвана, Лесото, Намибия, Свазиленд, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ;

Африқои Ғарбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бенин, Буркина-Фасо, Гамбия, Гана, Гвинея, Гвинея-Бисау, Кабо-Верде, Кот-д’Ивуар, Либерия, Мавритания, Малӣ, Нигер, Нигерия, Ҷазираи Еленаи Муқаддас (мулки Британияи Кабир), Сенегал, Сйерра-Леоне, Того.

Дар аксари давлатҳои Африқо сатҳи бекорӣ хеле боло буда, дар қатори кишварҳои қашшоқтарин ҷой гирифтаанд. Масоили асосии онҳо аз бекорӣ, қашшоқӣ ва гуруснагӣ раҳо кардани аҳолиашон, инкишоф додани соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мебошад. Дар муваффақ шудан ба ин ҳадафҳо ба онҳо давлатҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалӣ ёрӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, Африқо аз ҷиҳати номуътадилии вазъи сиёсӣ низ фарқ мекунад. Дар он «нуқтаҳои доғ» ва минтақаҳои бархӯрди ҳадафҳо зиддиятҳо зуд-зуд рух медиҳанд. Шумораи гурезагон аз минтақаҳои муташанниҷи тамоми қитъа ба 4,3 млн расидааст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.114
  • Андрианов Б. В. Население Африки. М., 1964;
  • Дмитревский Ю. Д. Внутренние воды Африки и их использование. Л., 1967;
  • Климаты Африки. Л., 1967;
  • Магидович И. П. Очерки по истории географических открытий. М., 1967;
  • Слука А. Е., Слука Н. А. География населения с основами демографии. М., 2000;
  • Новая российская энциклопедия. Т. 1. М., 2005.
Қитъаҳо


Аврупо

Африқо

Амрико

Антарктида

Осиё

Уқёнусия