Jump to content

Бозии мукотибаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозии мукотибаӣ — яке аз навъҳои хеле маъмули бозиҳои ғоибона дар шатранҷ, ки ҳарифон гаштҳои худро бевосита аз тариқи почта ирсол медоранд. Бозии мукотибаӣ бори нахуст соли 1694 дар китоби шарқшиноси англис Т. Хайда «Дар боби бозиҳои шарқиён» ёдоварӣ шудааст. Ӯ менависад: «Шунидам бозаргонони венетсиягию хорватӣ, ки дар дуриҳои дур аз ҳам зиндагӣ доранд, байни худ бо кумаки мукотиба шатранҷ мебозанд». Ж. Ж. Руссо дар романи хеш — «Омурзиш» (1782-89) пиромуни ин бозӣ ёдоварӣ кардааст.

Дар асри 19 дар байни дастаҳо (мас., Лондон ва Эдинбург, 1824-28; Маскав ва Петербург, 1978-79) ва низ афрод мусобиқаҳо ба воситаи мукотиба барпо мегардид. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 шатранҷбозони Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Африқо низ ба бозии мукотибаӣ рағбат пайдо карданд. Бозиҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Соли 1928 Иттиҳоди байналмилалии шатранҷи мукотибаӣ (аз соли 1951 Федератсияи ҷаҳонии шатранҷи мукотибаӣ) таъсис ёфт. Аз он замон чемпионатҳои ҷаҳон ва инчунин мусобиқаҳои олимпӣ байни дастаҳо доир мегарданд. Нахустин финали чемпионати ҷаҳон оид ба шатранҷи мукотибаӣ соли 1950 баргузор шуд. Аз соли 1951 то ин дам 21 мусобиқаи финалӣ созмон дода шудааст, ки 18-тои он бо комёбӣ анҷом ёфт. Чемпионати ҷаҳон оид ба бозии мукотибаӣ миёни занон аз соли 1968 ин ҷониб роҳандозӣ шудааст, ки то имрӯз 8 бозии ниҳоӣ (финал)-и он анҷом ёфтааст. Аз соли 1949 Олимпиадаи бозии мукотибаӣ барпо мешавад. То ин дам 17 олимпиада доир гардидааст. Дар ҳайати дастаҳо ба намояндагии ҳар кишвар 6 тахта барои мардон ва 4 тахта барои занон дохил шудааст.

Чемпионати чахон оид ба шохмѻт байни мардон

[вироиш | вироиши манбаъ]
# Солхо Чемпион Миллат
01. 1950-1953 Сесил Пурди  Австралия
02. 1956-1959 Вячеслав Рагозин  ИҶШС
03. 1959-1962 Алберик О'Келли  Белгия
04. 1962-1965 Владимир Загоровский  ИҶШС
05. 1965-1968 Ханс Берлинер  ИМА
06. 1968-1971 Хорст Риттнер  Олмон
07. 1972-1976 Якоб Ӡстрин  ИҶШС
08. 1975-1980 Ҷорн Слот  Денмарк
09. 1977-1983 Тону Оим  ИҶШС
10. 1978-1984 Витас Палчаускас  ИМА
11. 1983-1989 Фриц Баумбах  Олмон
12. 1984-1991 Григорий Санакоев  ИҶШС
13. 1989-1998 Михаил Уманский  Русия
14. 1994-2000 Тону Оим  Эстония
15. 1996-2002 Герт Тиммерман Нидерланд
16. 1999-2004 Тунч Хамарат  Австрия
17. 2002-2007 Ивар Берн Норвегия
18. 2003-2005 Ҷооп ван Остером Нидерланд
19. 2004-2007 Кри стоф Леортард Франџия
20. 2004-2011 Пертти Лехикойнен Финляндия
21. 2005-2008 Ҷооп ван Остером Нидерланд
22. 2007-2010 Александр Дронов  Русия
23. 2007-2010 Ульрих Стефан  Олмон
24. 2009-2011 Маржан Семри  Словения
25. 2009-2013 Фабио Финоккиаро  Итолиё
26. 2010-2014 Рон Лангвелд Нидерланд
27. 2011-2014 Александр Дронов  Русия
28. 2013-2016 Леонардо Любичич  Хорватия
29 2015-2018 Александр Дронов  Русия
30 2017-2019 Андрей Кочемасѻв  Русия
31 2019-2022 Фабиан Сҭанах,
Кристиан Мук,
Рон Лангвелд
Польша
 Австрия
Нидерланд
32 2020-2022 Ҷон Здвардс  ИМА

Бозиҳои олимпӣ барои дастаҳои мардона

[вироиш | вироиши манбаъ]
# Coлxo Tиллoӣ нyқpa Бpoнзa
01. 1949-1952  Венгрия 25 Чexocлoвaкия 20 Швeция 19½
02. 1952-1955 Чeoxcлoвaкия 27½ Швeция 27½  Олмон 27
03. 1958.1961  ИҶШС 35½  Венгрия 32½ Югocлaввия 32
04. 1962-1064  ИҶШС 36 Гepмaнияи Дeмoкpaтии 28½ Швeция 27½
05. 1965-1968 Чexocлoвaкия 31½  ИҶШС 30 Гepмaнияи Фeдepaтивй 29½
06. 1968-1972  ИҶШС 38 Чexocлoвaкия 28½ Гepмaнияи Дeмoкpaтии 25½
07. 1972-1976  ИҶШС 35½  Булғористон 30  Подшоҳии Муттаҳида 29½
08. 1977-1982  ИҶШС 46½  Венгрия 44  Подшоҳии Муттаҳида 41½
09. 1982-1987  Подшоҳии Муттаҳида 33½ Гepмaнияи Фeдepaтивй 30  ИҶШС
10. 1987-1995  ИҶШС 34 Aнглия 33½ Гepмaнияи Дeмoкpaтии 33½
11. 1992-1999 Чeкocлoвaкия 45½
 Олмон 45½
 Канада 40
Шoтлaндия 40
12. 1998-2004  Олмон 47½  Литва 42½  Латвия 42½
13. 2004-2009  Олмон 38  Ҷумҳурии Чех 34½ Пoлъшa 32
14 2002-2006  Олмон 45½  Литва 39½  ИМА 36
15 2006-2009 Hopвeгия 48  Олмон 47 Hидepлaнд 46½
16 2010-2016  Ҷумҳурии Чех 33½  Олмон 28½ Фpaнԥия 26½
17 2009-2012  Олмон 44½  Испания 43½  Итолиё 39½
18 2012-2016  Олмон 41½  Словения 41  Испания 39
19 2016-2021  Булғористон 27  Олмон 26½  Ҷумҳурии Чех 26½
20 2016-2019  Олмон 39½  Русия 39½  Испания 39
21 2020-2023  Олмон 38  Люксембург 37  ИМА 37