Жан-Клод Ван Дамм
Jean-Claude Van Damme | |
Ном ҳангоми таваллуд | Жан-Клод Комил Франсуа Ван Варенберг |
Таърихи таваллуд | 18 октябр 1960[1][2][3] (64 сол) |
Зодгоҳ | Беркем-Сент-Агат, Белгия |
Кишвар | |
Пеша | устоди ҳунарҳои размӣ, ҳунарпеша |
Падар | Юҷин Ван Варенберг |
Модар | Элиана Ван Варенберг |
Ҳамсар | Gladys Portugues[d] |
Фарзанд | Kristopher Van Varenberg[d] ва Bianca Bree[d] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | jcvdworld.com(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Жан-Кло́д Ван Да́мм (англ. Jean-Claude Van Damme) ном ҳангоми таваллуд Жан-Клод-Комил-Франсуа Ван Варенберг (англ. Jean-Claude Camille François Van Varenberg) 18 октябри 1960 дар Беркем-Сент-Агати Белгия — ҳунарпеша, коргардон, нависанда, таҳиякунандаи белгиягӣ ва мураббии кикбоксинг.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Жан-Клод Ван Дамм 18 октябри соли 1960 дар Беркем-Сент-Агати Белгия таваллуд шудааст. Падари ӯ муҳосиб ва соҳиби гулхона буд. Ӯ писарашро аз 10 солагиаш ба мактаби карате медиҳад. Аз 12 солагӣ машқашро идома дод. Ба ғайр аз карате Ван Дамм боз соҳиби маҳорати 4 намуди варзиш: кикбоксинг, муай тай, кунг-фу ва тхэквондо аст. Дар ҷавониаш толори варзишие бо номи «California Gym» месозад.
Ван Дамм мусиқии классикиро дӯст медорад. Оҳангсози дӯстдоштааш - И. Бетҳовен мебошад. Забони англисиро аз филми тасвирии "Флинстоунҳо" ёд гирфтааст. Ӯ боз донандаи забони нидерландӣ, фаронсавӣ ва немисӣ мебошад.
Карате ва кикбоксинг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 16-солагӣ дар чемпионати Белгия оид ба карате ҷойи намоёнро гирифта, чемпиони Аврупо гардид ва соҳиби миёнбанди сиёҳ гардид. Соли 1978 дар чемпионати бодбилдинг ҷойи 4-умро ишғол намуд. Вале соле пештар дар Белгия ҷойи аввалро гирифта буд. Лақаби ӯ Оғои Белгия ба ҳисоб мерафт. Соли 1979 дар чемпионти каратэ ва кикбоксинг ҷойи аввалро ишғол намуд ва ӯ соҳиби миёнбанди сиёҳ гардид. Аз 22 қувваозмоии варзишӣ (дар каратэ ва кикбоксинг) дар 20 ғолиб омада (13-нокаут ва 7 - нокаути техникӣ), танҳо дар 2-тоаш шикаст хӯрд.Соли 1979 ӯ дар байни 59 сония бар рақибаш кикбоксёр Шерман Бергман ғолиб омад. Дар соли оянда бар чемпиони Британияи Кабир Майкл Ҷ. Хеминг ғолиб омад. Соли 1980 Ван Дамм спаринг-шарики Чак Норрис ба ҳисоб мерафт.
Эҷодиёт дар синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 50 филм нақш бозидааст, аз ҷумла «Варзиши хунин» (1988), «Кикбоксер» (1989), «Шердил» (1990), «Ордер ба марг» (1990), «Зарбаи дучанд» (1991), «Сарбози ҳамадон» (1992), «Роҳе барои фирор нест» (1993), «Ҳадафи мушкил» (1993), «Полиси вақт» (1994), «Муборизи биёбонӣ» (1994), «Марги ногоҳ» (1995), «Дар ҷустуҷӯи саёҳат» (1996), «Колония» (1997), «Сарбоз» (1998), «Сарбози ҳамадон 2: Бозомад» (1999), «Репликант» (2001), «Ҳушёрии марг» (2004), «Ж. К. В. Д.» (2008), «Номасрафҳо 2» (2012), «Душманони наздик» (2013) ва ғайраҳо.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номи тоҷикӣ | Номи аслӣ | Нақш | |
---|---|---|---|---|
1979 | ф | Зан байни саг ва гург | Een vrouw tussen hond en wolf | ҷавон дар ҳавз / тамошобини кинотеатр |
1984 | ф | Монако ҳамеша | Monaco Forever | каратист |
1984 | ф | Брейк-данс | Breakin' | тамошобини рақскардаистода |
1984 | ф | Бехабар гумшудагон | Missing in Action | каскадёр |
1986 | ф | На ақибнишинӣ, на таслим | No Retreat, No Surrender | Иван Крашинский |
1988 | ф | Варзиши хунин | Bloodsport | Фрэнк Дюкс |
1988 | ф | Уқоби Сиёҳ | Black Eagle | Андрей |
1989 | ф | Киборг | Cyborg | Гибсон Рикенбакер |
1989 | ф | Кикбоксер | Kickboxer | Курт Слоун |
1990 | ф | Шердил | Lionheart | Леон Готйе |
1990 | ф | Ордер ба марг | Death Warrant | Луис Бёрк |
1991 | ф | Зарбаи дучанд | Double Impact | Чед Вагнер, Алекс Вагнер |
1992 | ф | Сарбози ҳамадон | Universal Soldier | Люк Деверо |
1993 | ф | Охирин киногерой | Last Action Hero | камео |
1993 | ф | Роҳе барои фирор нест | Nowhere to Run | Сэм Ҷиллен |
1993 | ф | Ҳадафи мушкил | Hard Target | Ченс Будро |
1994 | ф | Полиси вақт | Timecop | Макс Уокер |
1994 | ф | Муборизи хиёбонӣ | Street Fighter | полковник Уилям Гайл |
1995 | ф | Марги ногоҳ | Sudden Death | Даррен Маккорд |
1996 | с | Дӯстон | Friends | камео |
1996 | ф | Дар ҷустуҷӯи саёҳат | The Quest | Кристофер Дюбуа |
1996 | ф | Ниҳояти хатар | Maximum Risk | Ален Моро, Михаил Суверов |
1997 | ф | Колония | Double Team | Ҷек Куинн |
1998 | ф | Тақлиб | Knock Off | Маркус Рей |
1998 | ф | Сарбоз | Legionnaire | Ален Лефевр |
1999 | ф | Сарбози ҳамадон 2: Бозомад | Universal Soldier: The Return | Люк Деверо |
1999 | ф | Инферно | Inferno | Эдди Ломэкс |
2001 | ф | Репликант | Replicant | Репликант, Эдвард Гэрротт |
2001 | ф | Сири орден | The Order | Руди Кэфмейер, Шарл Ле Веллан |
2002 | ф | Зери роҳ | Derailed | Жак Кристофф |
2003 | ф | Дар дӯзах | In Hell | Кайл Леблан |
2004 | с | Лас-Вегас | Las-Vegas | камео |
2004 | ф | Ҳушёрии марг | Wake of Death | Бен Арчер |
2004 | ф | Нарко | Narco | камео |
2006 | ф | Дуюм дар гурӯҳ | Second in Command | Сэм Кинен |
2006 | ф | Ҳимоятгари сангин | The Hard Corps | Филипп Соваж |
2006 | ф | Имтиҳон | Sinav | Чарлз |
2007 | ф | То марг | Until Death | Энтони Стоу |
2008 | ф | Фармони махсус | The Shepherd: Border Patrol | Ҷек Рабидо |
2008 | ф | Ж.К.В.Д. | JCVD | камео |
2009 | ст | Робочӯҷа | Robot Chicken | камео, Ретт Батлер, Дракула |
2010 | ф | Сарбози ҳамадон 3: Тавлид | Universal Soldier: Regeneration | Люк Деверо |
2011 | тас | Кунг-фу панда 2 | Kung Fu Panda 2 | мастер Крок |
2011 | ф | Бозии киллерон | Assassination Games | Винсент Брэзил |
2011 | ф | Шаҳри хуб | Beur sur la ville | полковник Мерот |
2011 | ҳуҷ | Жан-Клод Ван Дамм: Қафои дарҳои маҳкам | Jean-Claude Van Damme: Behind Closed Doors | камео |
2012 | ф | Ржевский зидди Наполеон | Ржевский против Наполеона | камео |
2012 | ф | Чашмони аждаҳор | Dragon Eyes | Тиано |
2012 | ф | Номасрафҳо 2 | The Expendables 2 | Жан Вилен |
2012 | ф | Шаш тир | 6 Bullets | Самсон Гол |
2012 | ф | Сарбози ҳамадон 4 | Universal Soldier: Day of Reckoning | Люк Деверо |
2012 | ф | Ҳуҷум аз дарун | U.F.O. | Ҷорҷ |
2013 | ф | Душманони наздик | Enemies Closer | Ксандер |
2014 | ф | Марҳамат ба ҷангал | Welcome to the Jungle | Сторм Ротчайлд |
2014 | ф | Гармоикашанда | Swelter | Стиллман |
2015 | ф | Як таги гӯшт | Pound of Flesh | Дикон Лайл |
2015 | ф | Одам-блин | 煎饼侠 | камео |
2016 | ф | Кикбоксер: Интиқом | Kickboxer: Vengeance | мастер Дюран |
2016 | тас | Кунг-фу панда 3 | Kung Fu Panda 3 | мастер Крок |
2016—2017 | с | Жан-Клод Ван Ҷонсон | Jean-Claude Van Johnson | Ҷонсон, камео |
2017 | ф | Ҳамаи онҳоро бикуш | Kill 'Em All | Филип |
2018 | ф | Кикбоксер: Бозомад | Kickboxer: Retaliation | мастер Дюран |
2018 | ф | Оби сиёҳ | Black Water | Скотт Уилер |
2018 | ф | Лукас | The Bouncher | Лукас |
2019 | ф | Мо ҷавон мемирем | We Die Young | Даниэл |
2021 | ф | Охирин муздур | Le Dernier mercenaire | Ричард Брумер |
2021 | ф | Бадбинон | Haters | |
2022 | тас | Минёнҳо: Болоравии Гру | Minions: The Rise of Gru | Жан Клод |
ф | Френчи | Frenchy | Френчи |
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Официальный сайт(англ.)
- Жан-Клод Ван Дамм(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ
- Саҳифаи расмии дар шабакаи иҷтимоии Facebook
- Официальная страница дар «Твиттер»
- Официальная страница дар вебгоҳи Instagram
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 октябр
- Зодагони соли 1960
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мақолаҳо барои васеъкунӣ
- All articles to be expanded
- Википедия:Страницы с малыми шаблонами-сообщениями
- Саҳифаҳо, истифодабарандаи шаблон-паёмҳои хурд
- Филмнома ба ислоҳкунӣ
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои ИМА
- Ҳунарпешамардони телевизиони ИМА
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI