Jump to content

Муҳандис-механик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҳандис-механик, Инженер-механик (аз англ. mechanical engineer гирифта шуда, аз ду вожа муҳандис ва механик иборат аст) мутахассисе, ки корҳои муҳандисӣ: тарҳрезӣ, истеҳсол, таъмири техникии равандҳо ва таҷҳизотҳои механикро иҷро мекунад.

Муҳандис-механикҳои олмонӣ ҳангоми кор

Муҳандис-механик - коргари ихтисосманд ва кордонест, ки маълумоти касби техники дорад ва ба хидматрасонию таъмири техникаю асбобҳо машғул аст. Масалан:

  • автомеханик
  • авиамеханик
  • электромеханик
  • радиомеханик
  • механик оид ба таъмири техникаҳои маишӣ.

Муҳандис-механик аз рӯи қоида ба ҳама равандҳо, сохтҳои техникӣ, ки ба корҳои муҳандисию механикӣ дохил мешаванд, сару кор дорад;

  • тадқиқотҳо
  • банақшагирӣ
  • лоиҳакашӣ
  • конструксиясозӣ
  • коркарди технологияи маснуот
  • омодасозии ҳуҷҷатҳои техникӣ
  • истеҳсол
  • бакордарорӣ
  • санҷиш
  • таъмир
  • тармими хидматрасонии техникӣ
  • назорати сифат
  • идораи техникаю таҷҳизотҳои техникӣ.

Кори асосии муҳандис-механик аз он иборат аст, ки коркарди нав ва ҳалли масъалаҳои мавҷудбудаи муҳандисию механикиро иҷро менамояд.

  • дар шароити корхонаҳои истеҳсолӣ бардоштани ҷароҳатҳо, баромадан, лат бардоштан ва шикастани дастон ё дигар узвҳо.
  • ба организми инсон таъсири бади садои баланд ва ларзиши дастгоҳҳо.

Соҳаҳои фаолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳандис-механик дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, саноати ҳарбӣ ва илм кор мекунад;

  • дар истеҳсолот
  • сохтмон
  • хоҷагии қишлоқ
  • корхонаҳои нақлиёту автомобилӣ
  • нақлиётҳои роҳсозӣ
  • таъмири нақлиёт
  • корхонаҳои коркарди канданиҳои фоиданок
  • озмоишгоҳҳои донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ
  • нерӯгоҳи атоми.

Сифатҳои муҳандис-механик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳандис-механик бояд сифатҳои зеринро дошта бошад;

Муҳандис-механикҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

30 октябр рӯзи муҳандис —механик ба ҳисоб меравад. Таърихи пайдоиши ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки дар аввали соли 1854, вақте дар флоти императории Русия корпуси инженер-механикҳо ташкил ёфта буд. Асосгузораш вазири баҳр (русӣ морской министр) Александр Меншиков ба ҳисоб меравад.

Даврони шӯравӣ ин ҷашн дар байни хидматчиён ба таври ғайрирасмӣ ҷашн гирифта мешуд. Дар соли 1996 Сарфармондеҳи Флоти ҳарбӣ — баҳрии Русия, барои ҷашн гирифтани рӯзи муҳандис — механик дар флот фармон баровард. Ин ҳуҷҷат боиси эҳтироми ин касб ва ҷашнгирии рӯзи муҳандис — механикҳо гардид.[1]

  • Артоболевский И. Н.Очерки истории механики в России. – М., 1978.
  • Бардин И. П. Жизнь инженера. – М., 1938.
  • Бляхман Л. С., Маркин А. А.Пути развития коллективной организации. –Л., 1984.
  • Боголюбов А. Н.Механика в истории человечества. – М., 1978.
  • Гумилевский Л. И.Русские инженеры. – М., 1947.
  • Гумилевский Л. И.Мастера техники. – М., Л., 1949.
  • Головачев А. С., Скаржинский М. И. Эффективность инженерного труда. – М.,
  • 1988.Корнилов И. К.Инновационная деятельность и инженерное искусство. – М., 1996.
  • Карпенков С. Х.Основные концепции естествознвания. – М., 2002.
  • Крыштановская О. В.Инженеры. Становление и развитие профессональной группы. – М.: Наука,1989.
  • Лебедев О. Т.Инженерные кадры. Подготовка и повышение квалификации. – Л., 1982.
  • Любомиров П. Г.Очерки по истории русской промышленности (XVII, XVIII и начало XIX века). – М., 1947.
  • Зворыкин А. А. и др.История техники. – М., 1962.
  • Залкина З.История русской фабрики. – М., 1923.
  • Струмилин С.Г.Очерки экономической истории России и СССР. – М., 1996.
  • Мартынюк И. О.Инженер в зеркале времени. – К., 1989.
  • Мангутов И. С.Инженер: социально-экономический очерк. – М., 1980.
  • Шаповалов Е. А.Общество и инженер. – Л., 1984.
  • Яншин А. Л., Мелуа А. И.Уроки экологических просчетов. – М.: Мысль, 1961.
  1. https://my-calend.ru/holidays/den-inzhenera-mehanika?_e_pi_=7%2CPAGE_ID10%2C6799205144