Jump to content

Нигерия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нигерия
Nigeria
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Нигерия|]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Англисӣ, Йоруба, Хауса, Игбо
Пойтахт Абуҷа
Шаҳри калонтарин Лагос, Кано, Ибадан
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
923768 км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
129934911
140.7 нафар/км²
Пули миллӣ найра
Интернет-Домен .ng
Коди телефон +234
Соат UTC +1
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Ниге́рия (англ. Nigeria [naɪˈdʒɪrɪə]), Ҷумҳу́рии Федерати́вии Ниге́рия (англ. Federal Republic of Nigeria; игбо Republic ndi Naigeria; йоруба Orílẹ̀-èdè Olómìnira Àpapọ̀ ilẹ̀ Nàìjíríà; хауса Jam-huriyar Taraiyar Nijeriya; фула Republik Federaal bu Niiseriya) — кишвар дар Африқои Ғарбӣ. Масоҳати қаламрави Нигерия 923 768 км2-ро ташкил медиҳад: аз рӯи ин нишондод кишвар ҷои 3-юмро дар минтақа, 14-ум ҷоро дар Африқо ва 31-ум ҷойро дар ҷаҳон ишғол менамояд. Аз рӯи аҳолӣ аз ҳамаи кишварҳои дигари африқоӣ пештар аст: аҳолӣ ба вазъи с. 2020 210 млн нафарро ташкил медиҳад, ва 7-ум дар ҷаҳон аст.

Пойтахт — Абуҷа, ҳамчунин дар таркиби кишвар Лагос, шаҳри калонтарини Африқо (пойтахт то 12 декабри соли 1991), ҷойгир аст. Забони давлатӣ — англисӣ, дар умум зиёда аз 500 забон аст, қисми зиёди аҳолӣ бо ду ё 3 забон ҳарф мезананд.

Ҷумҳурии федеративии президентист. Тибқи натиҷаҳои интихоботи 23 феврали соли 2019 Муҳаммаду Бухорӣ бори дуюм сарвари кишвар гашт: муҳлати дуюми раёсатҷумҳуриаш 29 майи соли 2019 оғоз ёфт. Вазифаи ноиби президент барои 4 соли минбаъда боз соҳиби Йеми Осинбаҷо гашт.

Ба 36 иёлат ва як қаламрави федералии пойтахт тақсим мешавад, ки дар навбати худ ба 774 қаламрави идораи маҳаллӣ тақсим мешаванд.

Дар қисми ғарби қитъаи Африқо ҷойгир аст. Бо обҳои Уқёнуси Атлантик шуста мешавад. Бо Бенин — дар ғарб, дар шимол — бо Нигер, дар шимолу-шарқ — бо Чад, дар шарқ — бо Камерун ҳамсарҳад аст.

Бо бисёрфарҳангӣ фарқ мекунад. Ислом ва масеҳият тақрибан баробар ҷойгир шудаанд, аз рӯи шумораи мусулмонон дар Африқо 1-ум ҷоро ишғол мекунад.

Давлати асосан аграрӣ бо захираҳои зиёди нафт ва дигар захираҳои табиӣ, аъзои ОПЕК. ММД аз рӯи паритети тавоноии харид ба вазъи с. 2019 1,169 трлн долларро ташкил медиҳад (1-ум ҷо дар Африқо, 24-ум дар ҷаҳон), ба сари аҳолӣ — 5,967 долларро (132-юм дар ҷаҳон). Воҳиди пул — найраи нигериягӣ.

Истиқлоли кишвар 1 окт. соли 1960 эълон шуд. Дар соли 1912—1960 мустамликаи Британияи Кабир буд. Пештар ба ду қисм — Шимолӣ ва Ҷанубӣ, ки 1 январи соли 1900 сохта шуд буданд, тақсим буд.

Сиёсат ва ҳукумат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахшбандии кишварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарҳанг ва маданият

[вироиш | вироиши манбаъ]