Jump to content

Вулусволии Шикай

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Шекаи)
Вулусволии Шикай
Вулусволии Шикай дар нақшаи Бадахшон, Дарвоз
Донистаниҳо
Кишвар : Афғонистон Парчами Афғонистон
Вилоят : Бадахшон
Марказ: Ҷорф
Замони таъсис : 2005
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 880 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи Рустоҳо :
Мардум
Аҳолӣ (2011) : 27 000 кас
Забони расмӣ : Форсӣ
Забонҳои гуфторӣ : Форсӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ, ҷаъфарӣ, исмоъилӣ
Нишониҳо
Сарвожа : SHK
Код ISO : AF.BDS.SHK
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC +4:30
Вебгоҳ : .af
Коди худравҳо :

Вулусволии Шикай (форсӣ: ولسوالی شِکی‎) — яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон аст.

Маркази вулусволии Шикай рустои Ҷорф аст.

Вулусволии Шикай дар дараи рӯди Панҷ ва риштакӯҳи Сафедхирс ҷой дорад. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияи Дарвоз аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шарқ — бо вулусволии Дарвози Поин ва дар ҷануб — бо вулусволии Кӯфоб аз вулусволиҳои вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Вулусволии Шикай 880 км кв масоҳат дорад.

Мардуми Дарвоз ба гӯиши дарвозии забони форсӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони форсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои помирӣ будааст, аммо дар садаҳои IX — XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.


Ин вулусволӣ дар соли 2005 аз вулусволии Дарвоз ҷудо карда шудааст.