Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик | |
---|---|
Кишвар | Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон |
Таъсисёбӣ | 1968 |
Нишонӣ | хиёбони Неъмат Қаробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон |
Сармуҳаррир | Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ |
Рамзи КДН СССР | 505 |
Пешванди ISBN | 978-99947-33 |
Веб-сайт: www.donishnoma.tj |
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (хиёбони Неъмат Қаробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон) — муассисаи илмию нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]То соли 1991 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Дар назди Президиуми Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон соли 1968 таъсис ёфта, ба таркиби Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб дохил карда шуд (соли 1974). Самтҳои асосии фаъолияти сарредаксияи илмӣ аз омода сохтан, таҳрир ва интишори энсиклопедияҳои умумӣ, соҳавӣ, фарҳангҳои тафсирӣ, луғатҳо, маълумотномаҳои энсиклопедӣ ва ғайра иборат аст.
Редаксияҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик редаксияҳои зерин мавҷуданд:
- Таърих
- Фалсафа, дин ва ҳуқуқ
- Адабиёт, забон ва фолклор
- Фарҳанг, маърифат, корҳои ҳарбӣ, варзиш ва туризм
- География, геология ва петрография, геодезия, сейсмология
- Тиб, биология ва химия
- Астрономия, физика, математика ва техника
- Иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ
- Назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ
- Харита, тасвирот, саҳифабандӣ ва комплектатсия
Интишорот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли фаъолияти худ сарредаксияи илмӣ асарҳои зиёдеро, аз қабили Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ; дар 8 ҷилд, 1978–88), энсиклопедияи «Таджикская ССР» (1974, 1984). «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (дар 3 ҷилд, 1988, 1989, 2004), «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (дар 2 ҷилд, 1989, 1991), энсиклопедияи «Хуҷанд» (1999, ба забони русӣ), энсиклопедияи «Душанбе» (2004, ба забони русӣ), «Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» (1988), маълумотномаи энсиклопедии «Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» (1987), «Ленинномаи тоҷик» (1990, ба забони русӣ), «Ҳазору як корнома» (маълумотномаи энсиклопедӣ оид ба ширкатдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон; 3 ҷилдаш ба табъ расидааст), «Энсиклопедия персидско-таджикской прозы» (1986), «Фарҳанги тиббӣ» (дар 5 ҷилд), «ал-Қонун»-и Абуалӣ ибни Сино (бори аввал ба забони тоҷикӣ, дар 5 китоб), «Китоби хотира» (2005, дар бораи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз собиқ вилояти Сталинобод), «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (4 ҷилд, 2011, 2013, 2014, 2016), «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» (2013) ва ғайра интишор кардааст.
Сармуҳаррирони сарредаксия
[вироиш | вироиши манбаъ]Сармуҳаррири илмии сарредаксияи илмӣ: Муҳаммад Осимӣ (Осимов: 1968–88). Сармуҳаррирони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: Атахон Сайфуллоев (1975–85), Мусо Диноршоев (1986–88), Ҷумъабой Азизқулов (1988–96), Алибой Қурбонов (1996–2012), Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ (аз соли 2012).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- donishnoma.tj — вебгоҳи расмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (тоҷ.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — 672 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.