Jump to content

Баҳодур Неъматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳодур Неъматов
Баҳодур Неъматов
Баҳодур Неъматов, соли 2016
Баҳодур Неъматов, соли 2016
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 20 июл 1954(1954-07-20) (70 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда, мутриб
Гурӯҳ ансамбли эстрадии «Гулшан»
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Баҳодур Неъматов (тав. 20 июли 1954, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — сарояндаи ансамбли эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳодур Неъматов 20 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1977 дар ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекард. Аз январи соли 2001 то апрели 2003 роҳбарии онро ба уҳда дошт. Ҳоло ба ҳайси омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти омӯзгориро давом дода истодааст.[1]

Баҳодур Неъматов овозхони соҳибистеъдод ва бомаҳорати эстрадаи тоҷик аст ва дар инкишофи ин навъи ҳунар хидмати пурарзише кардааст. Зиёда аз 100 суруд дар иҷрои ӯ садо доданд, ки дар фонди Радио тоҷик ва ТВТ сабт гардиданд. Дар иҷрои ӯ сурудҳои «Эй Ватан», «Шаб ба хайр», «Майда -майда мерақсӣ», «Ҷононаке», «Бути нозанин», «Гулро намефӯшанд», «Ишқи дерин», «Чу механдӣ»,"Чашми сиёҳе дорӣ","Боз ошиқ шавам", «Дунёи ҷавонӣ»,"Ёр, ёр дилозор", «Сулҳ», «Ҷон модарам», «Занг бизан», «Душанбе — шаҳри Ваҳдат», «Эй ҳамватан»,"Тоҷикистон" ва ғайра ба сабку равиши нотакрор садо медиҳанд. Баҳодур Неъматов бо оҳангсозон Қудратуллоҳ Яҳёев, Амирбек Мусоев, Зайниддин Зулфиқоров ва дигарон ҳамкорӣ намудааст. Ба баъзе сурудҳо худаш оҳанг бастааст. Дар чанде аз фестивал-озмунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба чанде аз кишварҳои дунё — Афғонистон, Япония, Куриё ва ғайра сафари ҳунарӣ доштааст.[1]

Адабиёт дар бораи Баҳодур Неъматов

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Самадов, А. Суруди Баҳодур: Неъматов Б. аз ансамбли эстрадии «Гулшан» // Маориф ва маданият.  — 1980.  — 4 сентябр.
  • Мавлавиев, М. Суруди дилҳо: Дар бораи солисти ансамбли «Гулшан» Баҳодур Неъматов // Комсомоли Тоҷикистон. — 1981.  — 23 август.
  • Шаҳриёр, Н. Пайсипари роҳи худ: Аз ҳунарнамоии ҳофизи ансамбли эстрадии «Гулшан» Баҳодур Неъматов // Адабиёт ва санъат. — 1988. — 19 май.
  • Маҳмадалӣ, А. «Барги сабз» муборак!: Оиди суруди Баҳодур Неъматов дар қартаи овози «Барги сабз» // Паёми Душанбе.  — 1900.  — 5 июл.
  • Ҳақназар. Ш. Тарош бо Баҳодур Неъматов тешаи худҷодаи хеш…: Дар бораи ансамбли эстрадии «Гулшан» // Адабиёт ва санъат. — 1990. — 13 сентябр.
  • Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ба Неъматов Баҳодур солисти оркестри эстрадии «Гулшан» додани унвони фахрии "Артисти " хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон // Ведамости Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.  — 1990.  — № 15.  — С.5.
  • Неъматов, Б. Дилатон шод бод: Мусоҳибаи рӯзноманигор Т. Икромов бо ҳофизхони дастаи ҳунарии «Гулшан» // Овози тоҷик. — 1992. — 1 январ.
  • Неъматов, Б. «Гулшан» сӯи саҳна меояд: Мусоҳибаи рӯзноманигор М. Мақсадуллоҳ бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов // Оила. — 2001. — 30 март.
  • Неъматов, Б. «Гулшан» дастгирӣ мехоҳад: Мусоҳибаи рӯзноманигор Б. Шарифзода бо Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари оркестри эстрадии «Гулшан» Баҳодур Неъматов // Чархи гардун. — 2001. — 27 апрел.
  • Қодирдухт, Б. Баҳодур мехоҳад бо ишқ дунёро наҷот диҳад: Барои дарёфти ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ // Ҷумҳурият. — 2012.  — 12 июн.[1]