Абубакр Боқилонӣ
Абубакр Боқилонӣ | |
---|---|
араб. ар. الباقلاني | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос, қозӣ |
Таърихи таваллуд: | 950[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 июн 1013[5] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом, суннӣ ва ашъарӣ[6] |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | илоҳиётшиносии исломӣ[d] ва илми калом |
Ҷойи кор: | Бағдод[4] |
Устодон: | Q29514441?[7], Абулҳасани Боҳилӣ[d][7][8], Al-Daraqutni[d] ва Abū Bakr al-Abharī[d][9] |
Шогирдон: | Абуисҳоқи Шерозӣ[8], Qadi 'Abd al-Wahhab[d][5] ва Abû Ja'far al-Simnânî[d][5][10] |
Осор: | |
Вироиши Викидода |
Абубакр Муҳаммад ибни Таййиби Боқилонӣ(форсӣ: ابوبکر محمد بن طیب بن محمد باقلانی اشعری بصری; 950[1][2][3], Басра[4] — 5 июн 1013[5], Бағдод[5]) — мутакаллим ва фақеҳи маъруфи араб, намояндаи ашъария.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, ба мазҳаби ашъария гароид ва яке аз доиёну мубаллиғони таълимоти ин ҷараён гардид. Азудуддавла ӯро барои баҳсу мунозираҳои илмию шаръӣ бо аҳли эътизол ба Шероз даъват кард. Абубакри Боқилонӣ дар он баҳсҳо ғолиб омада, нуфузу эътибораш байни пайравони муътазила афзуд. Сипас ба Бағдод рафта, то охири умр он ҷо монд. Абубакри Боқилонӣ ҳамроҳи гурӯҳи уламо барои баҳсу муҷодалаҳои илмӣ бо масеҳиён ба Қустантания фиристода шуд. Ӯ дар баҳсҳо ғолиб омада, баъди бозгашт ба Бағдод муддате волии ноҳияи Қазоъ (Ироқ) гардид. Дар охири умр ба таълиму тарбияи шогирдон, аз ҷумла фарзандони Азудуддавла машғул шуд.
Абубакри Боқилонӣ бештар аз 50 асар роҷеъ ба фиқҳу калом, ҳифзу ташаккул ва инкишофи таълимоти ашъария, танқиди таълимоту ақоиди мазҳабу фирқаҳои дигари ислом таълиф намудааст, ки муҳимтаринашон «ат-Тамҳид», «Ал-усулу-л-кабир», «Ҳидояту-л-мустаршидин», «Эъҷозу-л-Қуръон» мебошанд. Аз мазмуни осораш бармеояд, ки Абубакри Боқилонӣ таълимоти илми каломро хеле инкишоф дода, бисёр нуктаҳои таълимоти каломи ибтидоиро аз дидгоҳи муносибати ратсионалистӣ (оқилона) таъбиру таъвил намудааст ва ба муносибати ақлу имон дар фалсафаи калом равшанӣ андохтааст. Аз ин рӯ, мутакаллимони мутааххир Абубакри Боқилониро дар адабиёти фалсафӣ тарғиботгари каломи ратсионалистӣ мешуморанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp01388936 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 3.0 3.1 https://datos.bne.es/resource/XX1777256 (исп.): El portal de datos bibliográficos de la Biblioteca Nacional de España — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie Médiévale — Paris: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 302. — 886 с. — ISSN 0249-7921
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie Médiévale — Paris: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 304. — 886 с. — ISSN 0249-7921
- ↑ https://www.google.fr/books/edition/Christian_Doctrines_in_Islamic_Theology/n3qqkpKdx3IC?hl=fr — С. 119.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 various authors Encyclopedia of Medieval Philosophy / зери таҳрири H. Lagerlund — Springer, Dordrecht, 2011. — doi:10.1007/978-1-4020-9729-4
- ↑ 8.0 8.1 Schmidtke S. The Oxford Handbook of Islamic Theology (ингл.) — OUP, 2014. — doi:10.1093/OXFORDHB/9780199696703.001.0001
- ↑ JSTOR — 1995.
- ↑ Schmidtke S. The Oxford Handbook of Islamic Theology (ингл.) — OUP, 2014. — P. 233. — doi:10.1093/OXFORDHB/9780199696703.001.0001
- ↑ 11.0 11.1 various authors Encyclopedia of Medieval Philosophy / зери таҳрири H. Lagerlund — Springer, Dordrecht, 2011. — doi:10.1007/978-1-4020-9729-4
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқилонӣ / И. Саидов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони соли 950
- Зодагони Ироқ
- Даргузаштагони 5 июн
- Даргузаштагони соли 1013
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Фақеҳон
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои суратдор: заполнить свойство P373 в Викимаълумот