Jump to content

Акклиматизатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аклиматизасия)

Акклиматизатсия (аз лот. ac (ad)к, барои ва юн.-қад. κλίμαиқлим) — мӯътод, ба шароити нави ғайриодатии иқлим мувофиқ гардидани наботот, ҳайвонот ва инсон.

Акклиматизатсияи одам

[вироиш | вироиши манбаъ]

Акклимантизатсияи одам яке аз шаклҳои мутобиқат буда, боиси тағйироти ҷараёни мубодила ва дигаргуниҳои вазифавии организм мегардад. Қобилияти акклимантизатсия шудан дар ҷараёни инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба вуҷуд омада, бо минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва тағйироти даврии иқлим зич вобаста аст. Акклимантизатсияро омилҳои муҳити табиӣ ба вуҷуд меоваранд, ки аз шароити маҳали пештара хеле фарқ мекунанд, масалан, ҳарорати баланд ва паст, сернамӣ, хушкӣ, афканишоти ултрабунафши кам ё барзиёд, фишори атмосферии паст ё баланд ва ғайра. Айёми ба шароити нави иқлимию географӣ одат кардани инсон, ғайр аз равандҳои биологӣ, ҳамчунин омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ (шароити меҳнат ва маишат, сифати хӯрок, либос, истиқоматгоҳ ва ғайра) аҳамияти калон доранд. Одамони солим акклимантизатсияро нисбатан осон мегузаронанд. Акклимантизатсия ва мутобиқат дар шароити душвори табиӣ, масалан, дар Шимоли Ақсо, Антарктида, ки мумкин аст баъзе носозгориҳои фаъолиятиро ба вуҷуд оваранд, бошиддат мегузарад. Ҳангоми кор дар ҳавои кушод мубодилаи моддаҳо меафзояд. Дар вақти хунукии сахт ва шамол мумкин аст фишори хун паст шуда, нафаскашӣ душвор гардад, яъне ба истилоҳ нафастангии қутбӣ ба вуҷуд ояд. Дар давраи одат кардан ба иқлими гарм имкон дорад, ки иштиҳо гум, фаъолияти рӯдаҳо носоз, хоб нохуш ва дараҷаи муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ паст шавад. Баробари афзудани намии ҳаво механизмҳои мутобиқат ҳам бошиддат кор мекунанд. Дар иқлими экватории бешаҳои сернами тропикӣ Акклимантизатсия барои инсон мушкилтар аст. Аз ҳад зиёд тафсидани тан боиси гармозанӣ ва лоғарӣ мешавад. Бо мурури вақт одам ба ҳарорат ва намӣ тобовар шуда, мубодилаи моддаҳо ва дигар фаъолиятҳои организм мӯътадил мегарданд. Дар шароити баландкӯҳҳо манзили нав ҳар қадар аз сатҳи баҳр баланд ҷойгир бошад, акклимантизатсия ҳамон қадар душвор мегузарад. Дар рафти акклимантизатсия фаъолияти организм тадриҷан устувор гашта, ба меъёри сокинони доимии кӯҳистон мерасад, вале суръати кашишхӯрии дил гардиши хун қадре суст, дараҷаи мубодилаи моддаҳои асосӣ паст мешавад. Баҳри безарар гаштани Акклимантизатсия вазъи саломатии одам пешакӣ муайян ва номгӯи бемориҳое, ки барои дар ин ё он шароити иқлим зистан имкон намедиҳанд, муқаррар карда мешавад. Ҳамчунин сохтмони маҳалҳои аҳолинишин ва манзил бо назардошти хусусиятҳои иқлим, таъмини аҳолӣ бо либоси мувофиқ, ташкили дурусти тағзия ва низоми обнӯшӣ, пешгирӣ намудани оқибатҳои норасоӣ ё барзиёдии радиатсияи ултрабунафш, риояи низоми мутобиқи меҳнат, маишат ва истироҳат аҳамияти калон дорад.

Акклиматизатсияи рустанӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Акклиматизатсияи рустанӣ ба муҳимтарин масъалаҳои хоҷагии халқ тааллуқ дорад. Хелҳои гуногуни зироат торафт меафзоянд. Аксар рустаниҳои мазрӯъ, масалан, хелҳои зиёди гандум, наск, нахӯд, кӯчати себ, олуча ва олуболу, лӯбиё, ҷуворимакка, навъҳои мазрӯи каду, пахтаи дарознах, картошка, помидор, тамоку, дарахти ҳино, рустаниҳои ситрусӣ, шолӣ, найшакар, бодиринг ва бодинҷон аз Закавказия, Америка, Хитой, Индонезия, Ҳиндустон ба Европа ва дигар ҷойҳо бурда шудаанд. Дар баробари ин, бисёр рустаниҳои мазрӯи Европа (гандум, сулӣ, чойҷуворӣ, лаблабу, юнучқа, навъҳои ангур ва ғайра)-ро ба Америка бурдаанд. Ҳангоми акклимантизатсия ҳарорат ва намии ҳаво, миқдори бориш дар давоми сол, чигунагии барфу ях, ҳаракати ҳаво, рӯшноӣ аҳамияти бағоят калон дорад. Барои акклимантизатсияа хок ва микроорганизмҳои сокини он, ҳамчунин таркиби биосенози наботот низ муҳим мебошад. Ҳангоми акклимантизатсияи рустанӣ хусусиятҳои биологии рустаниро ба назар бояд гирифт. Бо мақсади Акклимантизатсия чунин усулҳои агротехникиро ба кор бурдан мумкин аст: чеканка, пайванд, кандани нӯги навдаҳои рустанӣ, обмонӣ, андохтани нуриҳои минералӣ ва ғайра. Боғи ботаникии Помир ва пойгоҳҳои таҷрибавии дигар минтақаҳои кӯҳсор ба акклимантизатсияи рустаниҳои мазрӯъ дар шароити баландкӯҳҳо мусоидат мекунанд. Оид ба акклимантизатсияи рустанӣ дар биёбонҳо низ кор мебаранд.

Акклиматизатсияи чорво

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар акклиматизатсияи чорво ғайр аз омилҳои табиӣ, омилҳои хоҷагӣ (таркиби химиявии хӯроки чорво, дараҷаи хӯрокдиҳӣ, парвариш, нигоҳубин, пешгирии касалӣ, корҳои зотпарварӣ ва ғайра) низ мавқеи калон доранд. Агар байни шароити муҳити пештара ва нав фарқият зиёд бошад, ҷараёни акклимантизатсия хеле пуршиддат ва аксар вақт бемуваффақият анҷом меёбад. Барои акклимантизатсияи оқилонаи чорво на фақат шароити обу ҳавои ҷойи навро ба назар гирифтан даркор аст, балки ҳайвони овардаро бо хӯроки мувофиқу серғизо, бошишгоҳ ва шароити хуби нигоҳдорӣ низ таъмин намудан лозим мебошад. Агар зотҳои ба ҷойи нав оварда бад акклимантизатсия шаванд, онҳоро бо зотҳои маҳаллӣ ҷуфтӣ мекунанд. Қабл аз ин, зоти маҳаллӣ ҳаматарафа (аз ҷиҳати солимӣ, шаклу сохт, сермаҳсулӣ ва хушзотӣ) санҷида мешавад. Барои пешгирӣ намудани аломатҳои инқирози насл ҳайвони ба шароити нав мутобиқшударо бо ҳайвони аллакай мутобиқгаштаи ҷинси худи ҳамон зот ҷуфтӣ мекунанд. Дар ин сурат ҷуфтикунии байнизотиро низ ба кор мебаранд. Беҳтарин усули бартараф намудани мушкилиҳои акклимантизатсия дурага кардани ҳайвон мебошад. Наслҳои минбаъда имконияти зиёди мутобиқатро доранд, чунки ҷараёни акклимантизатсияи онҳо дар давраҳои нави инкишоф – қобили таъсирпазирӣ будани организм cap мешавад.

  • Акклиматизация животных в СССР, Алма-Ата, 1963;
  • Абдусалямов И. А. (ва диг.), Редкие и исчезающие животные Таджикистана, Д., 1976;
  • Бексеев Ш. Г., Овощные культуры мира. Энциклопедия огородничества, М., 1998;
  • Большой энциклопедический словарь, М., 1998.