Дин дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод






Дин дар Тоҷикистон

  ислом (95,7 %)

  масеҳият (2,6 %)

  бединӣ (1,5 %)

  соири адён (0,2 %)

Калисои православии Николский дар Душанбе

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд[1].

Имрӯза Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст[2], аммо пеш аз даврони тасаллути Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, ислом рӯ ба густариш будааст. Бештари мардум Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ ва гурӯҳи кӯчаке аз мардум аз ташайюъ пайравӣ мекунанд. Аз миёни соири адён масеҳият низ дар Тоҷикистон низ пайравони бештаре дорад[3], ҳарчанд пайравони он - русҳои православ баъди касби истиқлоли Тоҷикистон ин кишварро тарк карданд. Дигар гурӯҳҳои хурди масеҳӣ ҳам ҳастанд, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷамъияти кучаки яҳудиҳо низ дар ин кишвар ба сар мебаранд ва барои ибодат дар шаҳри Душанбе канисои хурде ҳам доранд. Пайравони мазҳаби баҳоия, зардуштӣ ва буддоӣ низ дар Тоҷикистон ҳастанд ва дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мақомот дар кишвар беш аз 80 иттиҳодияи мазҳабӣ сабти ном шудааст[4].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 26
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). 3 Декабри 2016 санҷида шуд.
  3. http://lcweb2.loc.gov/frd/cs/tjtoc.html this article incorporates text from this source, which is in the Моликият умумӣ.
  4. Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 22 феврали 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]