Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Fan Mountains300.jpg

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон — яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад[1].

Марҳилаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ[вироиш]

Замони шуравӣ[вироиш]

Дар соли 1929 дар ИҶШС ҷамъияти сайёҳии пролетарии бо номи РОТ (Российская организатсия туризма) ташкил ёфт. Баъдан дар худи ҳамин сол Чамьияти Иттиҳодӣ оид ба сайёҳии хориҷӣ дар ИҶШС бо номи «Интурист», ки аввалин ширкати сайёҳӣ оид ба туризми хоричӣ мансуб меёфт, ташкил карда шуд. Дар натиҷаи якҷоякунии якчанд ширкатҳои сайёҳӣ Ҷамъияти ихтиёрии Иттиҳоди Шурои сайёҳии пролетарии ва экскурсия дар соли 1930 арзи ҳастӣ намуда ва ҳамаи ин субектҳо дар саросари ИҶШС аз он ҷумла ИҶШ Точикистон ташкил карда шуда буд. 17 январи соли 1936 Кумитаи марказии иҷроия қарор оид ба барҳам додани ВОПТЭ-ро қабул намуд ва онро ба зимаи Шурои Умумиҷумҳуриявии варзишӣ дар назди Кумитаи марказии Иҷроияи СССР оиди кор дар соҳаи сайёҳӣ ва алпинизм гузошт. Дар худи ҳамин сол ТЭУ (раёсати сайёхӣ-экскурсионӣ) ташкил ёфт. Соли 1962 дар ин база Шурои марказӣ оиди соҳаи туризм дар саросари ИЧШС таъсис дода дар асоси принсипи коллегиягӣ ва ҷалби васеъи пешоҳангони ҷамъиятӣ амал мекард.

Дар тули ин солҳо дар ИҶШС як қатор ҷамъиятҳо ташкил шуданд. Калонтарини ин ширкатҳо ё ҷамъиятҳои сайёҳӣ, ки асоси ин соҳа мансуб мешуданд «Интурист» (соли 1964) сайёҳони ҷавонони бо номи «Спутник», саёҳати ҳарбӣ (дар назди Мудофиаи СССР), сайёҳии кудаконаи назди Вазорати маорифи ИҶШС бо маҷмуи ташкилотҳои ғайримактабӣ буданд. Хамаи ин ширкатхо дар тобеияти Иттифоқи касаба буда ва самти ғоявӣ (идеалогӣ) доштанд. Аз руи характери хизматрасонӣ дар ин давра дар байни 24 давлати аъзои Созмони байналмиллалии туристӣ ИҶШС дар ҷои 20-ум қарор гирифта буд. Аз ин ру маълум мегардад, ки дар ин давра аз геокомплексҳои табии минтақа комилан истифода бурда намешуд. Ҳоло он, ки дар худи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондоди мутахассисон зиёда за 900 геокомплекс чойгир шуда аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саршавии солҳои 90 ба рушди соҳаи сайёҳӣ дигаргунӣ ба амал омад. Баробари ташкили ин гуна ҷамъиятҳо аҳолии ин минтақа ба он нигаронида шуданд, ки саломатии худро дар чунин шароит барқарор намояд, вале аз сабаби вучуд надоштани базаи моддӣ-техникӣ ва мутахассисони варзида ин ширкатҳо каме танқисӣ мекашиданд. Аз ин лиҳоз ин ба хусусигардонии ширкатҳои саёхӣ оғоз намуда шаклҳои зерини соҳаро ба вучуд овард.

  • сафарҳои сайёҳӣ-экскурсионӣ ва сафарҳо бо хатсайрҳои нақшавӣ
  • саёҳати худфаъолиятӣ

Бо ҳамин мақсад мебоист дар қонунҳое, ки фаъолияти соҳаи сайёҳиро ба танзим медаровард таъғироти куллӣ ба миён оварда мешуд.

Замони истиқлол[вироиш]

Баъди барҳам хурдани ИҶШС, Точикистон соҳибистиқлол гардида ва дар соҳаи сайёҳӣ марҳилаи дигаре оғоз ёфт.

Давраи якум[вироиш]

Давраи якум аз соли 1990 то соли 1998-ро дар бар гирифта ҷиҳати пастарини туризмро дар даврони истиқлолият нишон додааст. Зеро дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 7 млрд доллари ИМА зарар расонида Тоҷикистонро ба буҳрони иқтисодӣ дучор намуд. Ба ҳамаи ин камбудиҳо нигоҳ накарда дар ин солҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад ва як қатор санадҳои меъёрии дорои қувваи юридикидошта қабул гардид. Шумораи туристон кам гардида ва ташкилотҳои туристӣ фаъолияти худро қатъ намуданд, вале талаботҳо боқӣ монданд. Шурои Вазирони Тоҷикистон оид ба соҳаи сайёҳии хориҷӣ аз 01.03.1990 таҳти №38 «Оиди бозсозии ташкили иқтисоди сайёҳии хоричӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиди ташкил намудани ассотсиатсияи сайёҳии Тоҷикистон», аз 4-уми феврали соли 1994, таҳти № 70, «Оиди тартиботи пешниҳод кардан ҳуқуқ ва суъбектҳои хоҷагӣ оиди шуғли сайёҳии хориҷӣ ва батартибоварии хуҷҷатҳои раводид», Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-майи соли 1997, таҳти № 183, «Оиди додани иморате, ки дар кучаи Пушкин, хонаи 14 ба мувозина (баланси)-и компанияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сайёҳӣ» ин ҳама дастовардҳо дар ин марҳила ба ҳисоб мераванд. Баъди истиқлолият ба дастовардани ҷумҳурӣ, оиди соҳаи сайёҳӣ як қатор санадҳо қабул гардиданд. Ба монанди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди тасдиқ намудани чораҳои аввалиндараҷа оиди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998», «Оиди сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Оиди сайёҳӣ». Ҳамаи ин санадҳо баъзаи меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи сайёҳӣ ба вуҷуд оварданд.

Давраи дуюм[вироиш]

Дар давраи дуюм, ки аз соли 1998 то инҷонибро дар бар мегирад ба дастовардҳои бузурги сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноил гардид ва ин давраро «Давраи тиллоии туризми точик » номидан афзалтар мебошад. Асос дар он аст, ки Точикистони бо суханони Толиб Рифоҳӣ, Дабири кули Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ «Шветсарияи Осиёи Маркази» аъзои Созмони Байналмиллалии Туристӣ гардида шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба маротиб афзуд.

Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон, аз соли 2008 масъулини соҳаи туризм дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Япония) ва Лондон (Британияи Кабир) ва Москваи (Федератсияи Россия) баргузор мегарданд, иштирок ва муаррифӣ менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.

Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 дар доираи Барномаи «Об барои ҳаёт» ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад. Дар экспедитсия кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Франсия, Испания, Шветсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Россия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Давраи кунунӣ[вироиш]

2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Ноҳияи Файзобод

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин карда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, сомонаи интернетии «Globe Spots» соли 2014 дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ[2], нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geographic» дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё[3], маҷаллаи ТОП — 100 дар соли 2015, 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 куҳҳои Помири Тоҷикистон ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллати Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст.

Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз 119-ум ба 107-ум ҷой боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.

Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд[1].

Нишондиҳандаҳои оморӣ[вироиш]

Нишондиҳандаҳои омории соҳаи сайёҳӣ дар солҳои 2010—2017
Номгӯй Солҳо
2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016 2017
Шаҳрвандони хориҷие, ки мутобиқи талаботи

СУТ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд.

160 000

нафар

183 000

нафар

245 000

нафар

207 911

нафар

213 265

нафар

413 834

нафар

344 903

нафар

430922

нафар

Раводид ва ҳузур[вироиш]

Тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки сарҳади Тоҷикистонро убур мекунанд, бояд бо худ шиносномаи эътиборнок ё ҳуҷҷате, ки шахсияти ӯро тасдиқ менамояд, ҳамчунин раводиди мувофиқ (ба ғайр аз шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина, ки аз онҳо барои ба Тоҷикистон ворид шудан раводид дархост карда намешавад) дошта бошанд[4].

Дар Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад, ин имконият ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки бо мақсади саёҳат ё тиҷорат ба кишвар меоянд. Аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаи консулгарии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд. Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки тариқи онлайн раводиди тоҷикиро бадаст оваранд.

Раводиди электронӣ ҳамчун ивазкунанда раводид ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ба муҳлати 90 рӯз ва яккарата дода шуда, дорандаи он аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи аз 45 рӯз зиёд будубош карданро надорад[5]. Раводид электронӣ тамдид карда намешавад.

Муқаррароти гумрукӣ[вироиш]

Дастрасӣ ба ҳамлу нақл[вироиш]

Метавон ба Тоҷикистон аз тариқи тайёра, қатора ё мошин рафта расид. Тоҷикистон хатсайрҳои мустақим ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург , Алмато, Бишкек, Рига, Истанбул, Дубай, Урумчӣ, Теҳрон, Машҳад, Франкфурт дорад.

Бештар аз 10 ширкати ҳамлу нақли миллӣ ва хориҷӣ дар бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ҳамчунин ширкатҳои ҳавоии миллии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» зиёда аз 10 сафари ҳавоӣ дар як ҳафта дар минтақаҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ анҷом медиҳанд. Тоҷикистон дорои якчанд фурӯдгоҳҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ мебошанд[6].

Асъор ва мубодила[вироиш]

Пули милли Тоҷикистон Сомонӣ (TJS), аз 30 октябри 2000 дар муомила мебошад. Як сомонӣ баробар ба сад дирам аст. Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон пулҳои 1, 3, 5, 10, 20, 50, ва 100 сомонӣ ва тангаҳои 5, 20, 25, 50, дирама дар муомилот мебошад.

Доллари ИМА, Евро, Рубл ва дигар пулҳои хориҷиро дар фурудгоҳи Душанбе, бонкҳо, нуқтаҳои мубодилаи асъор бо пули сомонӣ иваз карда имкон дорад. Ҳамчуни пулҳоро метавон тавассути банкоматҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд бо кортҳои пластики дастрас намуд[7].

Амният[вироиш]

Соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ворид гардиааст[8].

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Сайёҳӣ(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. 31 январи 2018 санҷида шуд.
  2. Globe Spots: Top 10 destinations 2014. www.globespots.com. 31 январи 2018 санҷида шуд.
  3. 10 самых красивых автодорог мира — National Geographic Россия(рус.), Nat-geo.ru. Проверено 31 январи 2018.
  4. Раводид(тоҷ.). Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. traveltajikistan.tj. 31 январи 2018 санҷида шуд.
  5. Tajikistan e-Visa. Маълумоти муфид. www.evisa.tj. 31 январи 2018 санҷида шуд.
  6. Чи гуна бояд расид(тоҷ.). Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. traveltajikistan.tj. 31 январи 2018 санҷида шуд.
  7. Асъор(тоҷ.). Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. traveltajikistan.tj. 31 январи 2018 санҷида шуд.
  8. Тоҷикистони Осоишта(тоҷ.). Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. traveltajikistan.tj. 31 январи 2018 санҷида шуд.