Jump to content

Бободархон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бободархон(Бодархун)
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Деҳоти Понғоз
Тақсимоти дохилӣ

аз 10 маҳаллаҳои хурд иборат аст

Санги Ошиқон,Бузанкошт,Аврикон,Бағали Гарма,Сари Қаъла, Пушти Қаъла,Тарноба,Дашт
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1926
Номҳои пешина Волости Бободархон
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5567 тан (2020)
Агломератсия 7500
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3453

bobodarkhon.tj
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Бободархондеҳа дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт. Аз Бободархон то маркази ҷамоат 5 км ва то ноҳия 7 км то маркази вилоят шаҳри Хуҷанд 124 км то шаҳри Душанбе 446 км мебошад роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4395 нафар (2012), тоҷикон. Деҳа дар нимаи аввали асри 19 ташкил ёфтааст аммо худи сокинон онро хеле қадимтар ҳисоб карда аз муғхонаҳо дар инҷо буданд зикр мекунанд. Номи деҳа аз рӯи гӯё этимологияи мардумӣ аз номи яке аз аввалин сокинони Боҳодур, ки деҳқони бисёр заҳматкаш буд, гирифта шудааст, ки барои он Бободархон – «бобо дар хона» лақаб гирифтааст. Умуман, ин номро метавон «минтақае, ки ба Бобо дода шудааст» тарҷума кард, зеро. «Дархон» (тоҷикӣ) истилоҳи таърихӣ буда, чун «имтиёзнок, озод аз андозу боҷҳо» тарҷума шудааст. П. Е. Кузнетсов маълумотеро мисол меорад, ки номи деҳа аз мазори Бобои-дархон гирифта шудааст. Авлиёеро, ки дар мазор дафн карда шудааст, эҳтимол Баҳодур-хон, ё тавре, ки Н. Г. Маллитский пешниҳод кардааст, Бобои-дархон меномиданд П. Е. Кузнецов, 1915, с—9. Пайдоиши номи деҳа аз номи мазор эҳтимолӣ бештар дорад

Деҳа 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона, дармонгоҳ, китобхона, клуб, боғчаи бачагон, 2 чойхона, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва хоҷагии деҳқонӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва чорводорӣ.

Заминҳо аз сойи Понғоз обёрӣ мешаванд.

ҚАБРИСТОНИ БОБОДАРХОН, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3—2 то м.—а-ҳои 5—6 м., ки дар қисмати ғарбии деҳаи Бободархони p-ни Ашти вил. Ленииобод воқкеъ аст. Қабристон соли 1954 кашф шуда буд. С. 1955 онро бостоншииосони Ин-ти таърихи АФ ҶШС Тоҷикистон таджик, карданд. Ду намуди қурум ошкор гардид; теппаҳои гуруҳи якум шакли муайяни геометрӣ надоранд. Дар байни ин қабил теппаҳо гури чоркунҷа ҳаст, ки онро бо тахтасанги калон пушонидаанд. Гурхонаи гуруҳи дуюми қурумҳо байзашакл буда, сақфаш муқаррарист. Кенотафҳо (кабрҳои бемайит) низ дучор меоянд. Аз қабрҳо асбобу анҷоми зиёди биринҷӣ (ҳалқаҳо, ангуштаринҳо, пораҳои оинаҳо), маснуоти оҳанин (сагаки тасма, пайконҳо, кордҳо), зарфҳои сафолӣ, чархдук, муҳраҳои сангину шишагӣ ва ғ. ёфт шуданд,ки ҳоло дар осорхонаи маркази ноҳия нигоҳдори мешаванд

Ад.: ЛитвинскийБ. А., Курганы и нурумы Западной Ферганы, М., 1972.