Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Браззавил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Браззавил
фр. Brazzaville
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Dieudonné Bantsimba[d]
Таърих ва ҷуғрофия
Таъсис 10 сентябри 1880
Аввалин номбарӣ 1880
Масоҳат
  • 588 ± 0,01 км²[1]
Баландии марказ 320 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+1[d]
Аҳолӣ
Шумора
Забони расмӣ фаронсавӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон 242
Нишонаи почта CG-BZ-0100 – CG-BZ-1099[2]
developpement-durable.gouv.cg/…(фр.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Brazzaville

Браззавил (фаронсавӣ: Brazzaville) пойтахти Ҷумҳӯрии Конго аст.

Дар соҳили рости дарёи Конго ва поиноби он дар рӯбарӯи ш. Кин­шаса ҷойгир аст. Аҳо­лиаш 1,2 млн нафар (2013). Масо­ҳаташ 100 км2, баландиаш аз с. б. 230 м. Браззавил бандари му­ҳим­ми дарёӣ аст, ки ба воситаи он муомилоту бори Аф­риқои Мар­казӣ ва Чад су­рат мегирад. Тариқи роҳи оҳан ва шоҳ­роҳи автомобилгард бо бандари баҳ­рии Пуэнт-Нуар ме­пайван­дад. Аэропорти бай­нал­­­милалӣ дорад. Соли 1880 аз тарафи афсари фа­рон­савӣ П. С. де Бразза ҳам­чун қа­рор­го­ҳи ҳар­бӣ бунёд шудааст. Сол­ҳои 1903–50 мар­­­кази маъмурии Конго, 1958–60 Ҷум­ҳу­рии мухтори Конго.

Сол­ҳои ҶБВ (1941–45) дар Браззавил яке аз марказҳои ҳара­кати та­рафдорони «Фаронсаи Озод» амал мекард. Аз августи 1960 пойтахти ҷумҳурии соҳиб­истиқлоли Конго. Браззавил яке аз бу­зургтарин марказҳои иқти­содӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Дар Браззавил ф-каҳои ресандагию бофандагӣ, либос­дӯзӣ, гӯгирд, тамоку, за­вод­ҳои пиво, яхи сунъӣ, рав­ған, консерваи мева, оби газ­дор, моҳихушконӣ, таъмири киш­тӣ мавҷу­данд. Манораи Набемба (1990) рамзи Конгои муосир аст. Аз ёдгориҳои таърихӣ Калисои ҷомеи Сакрэ Кёр (1892–94), Калисои ҷомеи Аннаи Муқаддас (1949, Конголев­­­с­­кая) боқӣ мондаанд. Дар Браззавил дарахти ақоқиё, нахл ва анбаҳ зиёданд. Дар Браззавил До­ниш­гоҳи ба номи М. Нгуаби мавҷуд аст, ки дар ҳайати он ҳафт ин-т, аз ҷумла Ин-ти таҳқи­қо­ти илмӣ, Ин-ти Пастер (1958) ва Ин-ти олии тиббӣ (1978) фаъолият доранд ва ҳамчун маркази маълумоти олӣ ба ҳисоб меравад.

Инҷоро ҳам бингаред.

[вироиш | вироиши манбаъ]


Вилоятҳои Ҷумҳӯрии Конго
Пойтахт: Браззавил
Вилояти Боуенза · Вилояти Куветте · Вилояти Шақри Куветте · Вилояти Коуилоу · Вилояти Лекоумоу · Вилояти Ликоуала · Вилояти Ниари · Вилояти Платеау · Вилояти Поол · Вилояти Санға


Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде
  1. 1 2 https://www.citypopulation.de/en/congo/
  2. https://ekolo242.cg/wp-content/uploads/2026/05/decret-n%C2%B0-2025-317-du-23-juillet-2025-portant-codification-postale-en-Republique-du-Congo.pdf