Аккра
Маҳалли аҳолинишин | |||
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-ak" does not exist. | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Роҳбар | Elizabeth K.T. Sackey[d][1][2][3] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Аввалин номбарӣ | асри XV | ||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 61 ± 1 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC±00:00[d] ва ECG[d] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Забони расмӣ | инглисӣ[5] | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 0302, 0302 | ||
ama.gov.gh | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аккра (англисӣ: Accra) — яке аз шаҳрҳои Африқо аст. Пойтахти Гана аст.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷануби мамлакат, дар соҳили халиҷи Гвинея ҷойгир аст.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолиаш 2 291 352 ҳазор нафар (2012).
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Маркази саноатӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ. Бандари баҳрӣ, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Ба Аккра аввалин шуда садаи XV португалиҳо омаданд. Ин ҳудудро Дания, Нидерландия ва Британия соҳиб шудан мехостанд ва ҳар яке дар соҳил қалъаҳои мудофиавии худро месохт.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аккра дар атрофи ду қалъаи дар садаи XVI аз ҷониби европоиён биноёфтаи Ашер-Форт (Британия) ва Кристианборг (Дания) бунёд шудааст. Солҳои 1876 – 1957 Аккра маркази маъмурии мулки мустамликавии Британия бо номи Соҳили Тилоӣ буд. Аз соли 1957 – пойтахти давлати мустақили Гана.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аккра дорои корхонаҳои саноатии (70%-и иқтидори истеҳсолӣ ин ҷо ҷойгиранд) коркарди металл, хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чӯб, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нефту газ ва истеҳсоли доруворӣ мебошад. Аккра дар қитъа бозори машҳури фурӯши алмос ва какао ҳисоб мешавад. Дар маркази Аккра биноҳои замонавии бисёртабақа (бонкҳо, фурӯшгоҳҳои универсалӣ, маркази Стейт-ҳаус барои баргузории конференсияҳои байналхалқӣ ва ғайра) ҷой гирифта, атрофаш аз биноҳои кӯҳнасохти камтабақа иборат аст. Аккра дорои музейи миллӣ, театри драмавӣ, боғи ботаникӣ мебошад. Донишгоҳи давлатӣ дар мавзеи наздишаҳрии Легон воқеъ гаштааст. Аз ёдгориҳои меъморӣ қалъаҳои қадимии Ушер (1605, голландӣ), Ҷеймс (1673, англисӣ) ва ғайра боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.graphic.com.gh/news/politics/elizabeth-sackey-unanimously-endorsed-as-accra-mayor.html
- ↑ https://ama.gov.gh/themayor.php
- ↑ https://www.ghanaweb.com/advertising/newsreleases/Relief-and-Aid-International-gives-back-to-Danchira-9647
- ↑ https://statsghana.gov.gh/gssmain/fileUpload/pressrelease/2021%20PHC%20General%20Report%20Vol%203A_Population%20of%20Regions%20and%20Districts_181121.pdf
- ↑ https://books.google.com.gh/books?id=TZWwKiOqJBUC&pg=PA49&dq=official+language+of+Ghana&hl=en&sa=X&ved=0ahUKEwjSy_2Wsb3VAhWjBcAKHffADNcQ6AEINTAD#v=onepage&q=official%20language%20of%20Ghana&f=false
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пойтахтҳои Африқо |
---|
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде |