Jump to content

Бангӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Бангӣ
фр. Bangui
санго Kötä gbätä tî Bangî
Bangui
Bangui
Нишон
Нишон
4°21′41″ с. ш. 18°33′19″ в. д.HGЯO
Кишвар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1889
Масоҳат
  • 67 339 690 м²
Баландии марказ 369 ± 0 м
Минтақаи замонӣ UTC+1[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 734 350 тан
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Бангӣ дар харитаи
Бангӣ
Бангӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бангӣ (фр. Bangui, санго Kötä gbätä tî Bangî) — пойтахти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, дар соҳили рости дарёи Убанга (шохоби рости дарёи Конго) воқеъ аст. Воҳиди маъмурии мустақил. Аҳолиаш 687 ҳазор нафар, (2010) бо атрофи он.

Бандари бузурги дарёӣ буда, тамоми борҳои мамлакат ва воридоту содироти тиҷоратии давлати Чад ба воситаи он мегузаранд. Аэропорти байналмилалӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард дорад. Соли 1889 дар ҷойи қалъа – истеҳкоми ҳарбии фаронсавиҳо бунёд шудааст. Солҳои 1914–58 маркази маъмурии мустамликаи Фаронса – Убанги – Шарӣ, 1958–60 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Африқои Марказӣ дар ҳайати Иттиҳоди Фаронса, аз соли 1960 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Африқои Марказист. Бангӣ маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат буда, дорои комб. матоъҳои пахтагин, ф-каҳои дӯзандагӣ, нассоҷӣ, пойафзор, коркарди тамоку, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯрокворӣ, саноати коркарди чӯб ва оҳан, корхонаҳои васлкунандаи мотосиклу велосипед аст. Дар Бангӣ, инчунин, Институти таҳқиқоти илмии мақсадҳои инкишоф, Институти ба номи Пастер, донишгоҳ бо китобхонаи марказӣ, 6 мактаби олӣ, аз ҷумла институтҳои политехникӣ ва кишоварзӣ, Мактаби миллии санъат, Осорхонаи миллии кишваршиносӣ фаъолият доранд. Дар маркази Бангӣ биноҳои ҳозиразамон (дар услуби модерн) қад кашида, шаҳри сабзу хуррам аст. Ёдгориҳои таърихӣ ва меъмории Бангӣ: боқимондаи қалъа – истеҳкоми ҳарбии фаронсавиён ва Калисои ҷомеи католикии Модархудо бо номи Нотр-Дам (охири садаи 19 – аввали садаи 20, шаклаш мисли Калисои ҷомеи Модархудои Париж).



Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде