Алҷазира

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алҷазоир (шаҳр))
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Маҳалли аҳолинишин
Алҷазира
арабӣ: مدينة الجزائر
Нишон
Нишон
Координатаҳо

36°46′35″ а. шим. 3°03′31″ т. ш.HGЯO

Коди телефон

(0)21

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Алҷазира дар харитаи
Алҷазира
Алҷазира

Алҷазира (арабӣ: الجزائر) — шаҳр, пойтахти Алҷазоир.

Таърих[вироиш]

Маркази асосии маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат. Дар соҳили ғарбии халиҷи Алҷазира, дар домана ва байни талу теппаҳо (дар соҳили Баҳри Миёназамин) воқеъ аст. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (бо агломератсияи атрофаш – 3,9 млн нафар – 2009), асосан арабҳо (83%), барбариҳо (16%) ва европавиҳо (1%). Дини асосии давлатӣ – ислом. Алҷазира дар асри 10 аз тарафи барбариҳо дар ҷойи харобаи бандари финикии Эй-Кози (асри 9 то м.) бино ёфтааст. Дар асри 11 яке аз марказҳои бандари баҳрӣ буд. Солҳои 1516 – 1830 – пойтахти давлат дар ҳайати Империяи Усмонӣ. Алҷазираро франсавиён соли 1830 забт карда, ба маркази маъмурии мустамликаи худ табдил доданд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) Алҷазира қароргоҳи Фармондеҳии иттифоқчиён дар Баҳри Миёназамин, дар давраи инқилоби миллӣ-демократии Алҷазоир (1954 – 62) яке аз марказҳои ҳаракати озодихоҳӣ буд. Аз соли 1962 пойтахти Республикаи Халқии Демократии Алҷазоир.

Ҷуғрофия[вироиш]

Алҷазира бандари бузури соҳили Баҳри Миёназамин буда, узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналхалқӣ, метрополитен дорад. Дар Алҷазира саноати мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қишлоқ, васли автомашина) ва коркарди металл мавқеи асосӣ дорад.

Иқтисодиёт[вироиш]

Корхонаҳои коркарди нефт, истеҳсоли семент, чарму пойафзор, саноати химия, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, коғазу селлюлоза бештар тараққӣ кардааст. Алҷазира дорои донишгоҳ, боғи ботаникӣ, мактаби олии савдо, ин-ти кишоварзӣ, музейҳои миллии осори атиқа ва саноеи нафиса, музейи таърихи ибтидоӣ ва этнография (кӯшки Бордо), китобхонаи миллӣ, театри миллӣ мебошад. Манораҳои мӯҳташаму ёдгориҳои меъмории Алҷазира: Масҷиди калон (1096) бо манора (1323), Оромгоҳи (дахмаи) Сидӣ Абдурраҳмон (1611), масҷидҳои Ҷомеъ-ул-Кобир (асри 11) ва Ҷомеъ-ул-Ҷадид (1660), Қалъаи Қасбо, Маъбади масеҳии Модархудои Африка, Майдони Азиятмандон, ки ба шарафи қаҳрамонони ҷанг баҳри истиқлолияти Алҷазоир (1954 – 62) номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.



Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Триполӣ | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде