Jump to content

Гагарин (деҳа, н. Шаҳритӯс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гагарин
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шаҳритӯс
Ҷамоат Деҳоти Пахтаобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 459 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Гагарин — деҳа дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритӯс.

Аз Гагарин то маркази ноҳия 45 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 459 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асаосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гагарин хоҷагии деҳқонии «Гагарин» ва 5 хоҷагии деҳқонии хурд мавҷуд аст.

Гагарин соли 1982 таъсис ёфта, аҳолиаш аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ ва Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) бо мақсади обод намудани заминҳои бекорхобида ба ин деҳа кӯчидаанд.