Гулистон (деҳа, н. Данғара)
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Данғара |
| Ҷамоат | Деҳоти Сангтӯда |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 3415 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3312 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара. Аз Гулистон то маркази ноҳия 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3415 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1961 бунёд шудааст. Аҳолиаш аз деҳаҳои Баҳорак, Шабафрӯз (собиқ Хамиқара) ва Шибонсойи ҷамоати деҳоти Лоҳур кӯчидаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, беморхонаи минтақавӣ, шуъбаҳои милиса, алоқа, «Амонатбонк», маҷмаи маданӣ-варзишӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, савдои хусусӣ ва фурӯши сӯзишворӣ, хонаи фарҳанг, заводи коркарди сангу шағал, истгоҳи р. о. дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Дар ҳудуди Гулистон 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд. Заминҳо аз дарёи Вахш тавассути насосҳои обкаш обёрӣ мешаванд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоир Борон Бадалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Шодиев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2