Гулобод (деҳа, н. Данғара)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулобод | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Данғара |
| Ҷамоат | Деҳоти Лолазор |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1122 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3312 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гулобод (собиқ Навобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 1ноҳия 18 км, то вилоят 84 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1122 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа бунгоҳи тиббӣ, осиёби хусусӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Гулобод мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Нурбахш таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Данғара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 8 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа соли 1989 таъсис ёфта, аҳолиаш аз ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Фархор, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва Шӯрообод кӯчидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2