Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулафшон (деҳа, н. Данғара)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Данғара
Ҷамоат Деҳоти Сафобахш
Таърих ва ҷуғрофия
Номҳои пешина Иғрон
Аҳолӣ
Шумора 1370 тан (2013)
Миллатҳо тоҷикон ва Узбекҳо
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 882 00
Нишонаи почта 735140

Гулафшон (собиқ Иғрон, то 12.3.2009) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара. Аз Гулафшон то маркази ҷамоат 15 км, то маркази ноҳия 17 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1370 нафар (2013)), тоҷикон.

Деҳа масҷиди панҷвақта, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳояш аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулафшон хоҷагии деҳқони калони «Чашмаи Нуқра» ва 20 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.