Jump to content

Дарёҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарёҳои кӯҳистони Тоҷикистон

Дарёҳои Тоҷикистон — ҳисоби дарёҳои Тоҷикистон ба 947, дарозии умумии онҳо 28,500 км аст. Иқтидори энергияи дарёҳову кӯлҳои Тоҷикистон — 64 миллион киловат/соатро ташкил медиҳад.

Маълумоти умумӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Дарёи Вахш
Сирдарё назди ш. Хуҷанд

Дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор мераванд, оби ҳаёт бахши худро ба кишварҳои дар поёнтар ҷойгиршуда мерасонанд ва пахтакорию гидроэнергетикаро бе онҳо наметавон тасаввур кард. Панҷ, Вахш, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон ва Бартанг калонтарин дарёҳои Тоҷикистон мебошанд. Ҳисоби дарёҳои Тоҷикистон ба 947 мерасад, ки дарозии ҳар кадом беш аз 10 км ва дарозии умумии онҳо 28,500 км аст. Тамоми дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи баҳри Арал мансубанд. Муҳимтарини онҳо: Панҷ, Вахш, Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон, Аличур (дарёи Ғунд), Бартанг, Яхсу, Фондарё, Шинг, Искандар, Хоҷабқирғон, Оқсу, Ширинсоӣ, Қизилсу, Исфара ва ғайраҳо. Дарёҳои Тоҷикистон захираҳои бузурги энергияи обӣ доранд. Иқтидори энергияи дарёҳову кӯлҳои кишварамон 64 миллион киловаттро ташкил медиҳад.

1. Ҳавзаи дарёи Норин, сарчашмаи асосии Сирдарё буда, захираи обии худро аз Тиёншони Марказӣ ҷамъ меоварад.

2. Водии Фарғона, аз кӯҳҳои атроф зиёда аз 100 дарёву дарёҳои хурд ҷорӣ мешаванд, вале бештари онҳо то Сирдарё ҷорӣ намешаванд.

3. Тиёншони Ғарбӣ, дарёҳои Охангарон,Чирчик, Арис ҷорӣ мешаванд.

4. Ҷануби Ғарбии нишебии каторкӯҳҳои Қаратоғ (Каратоу).

Бояд кайд кард, ки қисми шимолии ҳавзаи Сирдарё дар минтақаи иқлимии муътадил, қисми ҷанубиаш дар минтақаи иқлими субтропикию континенталӣ ҷойгир мебошад. Аз лиҳози маъмурӣ Сирдарё аз ҳудуди 4 ҷумҳурӣ мегузарад: Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон. Ё худ:

• Ҳавзаи дарёи Норин, қаторкӯҳҳои Чатколу Фарғона, қисми шимолии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Туркистону Олой ба Қирғизистон мансубанд.

• Қисми марказии водии Фарғона,ҳавзаи дарёҳои Чодак, Оҳангарон ва Пскем ба Узбекистон мансубанд.

• Қисми ҷанубии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Қурама, қисми шимолии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Туркистон ба Тоҷикистон мансубанд.

• Ҳамаи дарёи Арис, ҷануби-ғарбии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Қаратоғ, қисми поёнии Сирдарё ба Қазоқистон мансубанд.

  • [1](пайванди дастнорас)