Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулдара (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулдара
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 524 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Гулдара (собиқ Ҷиндара, то 29.3.2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор. Аз Гулдара то маркази ҷамоат 22 км, то маркази ноҳия 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 524 нафар (2017), тоҷикон.

Гулдара нуқтаҳои савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чангоб таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғпарварӣ. Заминҳо — лалмӣ.