Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зардакӣ (деҳа, н. Ховалинг)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зардакӣ)
Деҳа
Зардакӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ховалинг
Ҷамоат Деҳоти Ғаффор Мирзо
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 918 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3317
Нишонаи почта 735140

Зардакӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг. Аз Зардакӣ то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 10 км. Аҳолиаш 918 нафар (2017), тоҷикон.

Дар байни деҳаҳои Шайхувайисӣ ва Табариён ҷойгир буда, бо унвони ободкунандааш номгузорӣ шудааст. Зардакӣ то соли 1958 маркази колхози ба номи Папанин буд, ки сарварии ин хоҷагиро С. Давлатов ба уҳда дошт.

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, осиёби барқӣ, масҷиди панҷвақта, китобхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмасорони кӯҳдоманҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 31 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.