Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зардолудашт (деҳа, н. Балҷувон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зардолудашт)
Деҳа
Зардолудашт
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Балҷувон
Ҷамоат Деҳоти Сафобахш
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 536 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3357
Нишонаи почта 735140

Зардолудашт — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Балҷувон. Аз Зардолудашт то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 40 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 536 нафар (2017), тоҷикон.

Соли 1955 зимни барҳам хӯрдани ноҳия деҳа ва ҷамоати деҳоти Дектур низ барҳам хӯрд ва аҳолиаш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯчонда шуд. Соли 1996 ноҳия аз нав таъсис ёфт ва як қисми мардум ба деҳа баргашта, онро обод карданд.

Дар ҳудуди хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафаров ҷойгир аст.

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, осиёби барқӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Дебдор давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо — лалмӣ.