Зарнисор (деҳа, н. Балҷувон)
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Балҷувон |
Ҷамоат | Деҳоти Сайф Раҳим |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1789 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3357 |
Нишонаи почта | 735140 |
Зарнисор (то 17 июли 2014 Дектур) — деҳа деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон. Аз Зарнисор то маркази ноҳия 28 км. Аҳолиаш 1789 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафаров ҷойгир аст. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии деҳқонии инфиродии «Қубод» фаъолият дорад. Нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1955 зимни барҳам хӯрдани ноҳия деҳа ва ҷамоати деҳоти Дектур низ барҳам хӯрд ва аҳолиаш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯчонда шуданд. Соли 1996 ноҳия аз нав таъсис ёфт ва як қисми мардум ба деҳа баргашта, онро обод карданд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Заринсор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2