Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркӯҳ (деҳа, н. Балҷувон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркӯҳ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Балҷувон
Ҷамоат Деҳоти Сафобахш
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 363 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3357
Нишонаи почта 735140

Заркӯҳ (то 17.7.2014 Чолтош) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Балҷувон. Аз Заркӯҳ то маркази ҷамоат 35 км, то маркази ноҳия 46 км. Аҳолиаш 363 нафар (2017), тоҷикон.

Заркӯҳ, дар ҳудуди хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафаров ҷойгир аст. Деҳа бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, осиёби барқӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон минбаъд таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Зардолудашт ва Дебдор давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Соли 1955 зимни барҳам хӯрдани ноҳия деҳа ва ҷамоати деҳоти Дектур низ барҳам хӯрд ва аҳолиаш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯчонда шуда, деҳа беодам монда буд. Соли 1996 ноҳия аз нав таъсис ёфт ва як қисми мардум ба деҳа баргашта, онро обод карданд.