Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарнисор (деҳа, н. Тоҷикобод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарнисор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Тоҷикобод
Ҷамоат Деҳоти Нушор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 555 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3154
Нишонаи почта 737450

Зарнисор (собиқ Қамушбек) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат 22 км, то маркази ноҳия 30 км. Аҳолиаш 555 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази фароғатӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯрпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёчаи кӯҳии Шӯрак ва чашмасорони кӯҳдоманҳо обёрӣ мешаванд.

Мардумаш баъди заминларзаи соли 1949 пурра ба ноҳияҳои Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) ва Шаҳритуз кӯч баста, деҳа беодам монда буд. Аз соли 1980 аҳолӣ ба деҳа баргаштанд ва дар ҳайати соахози «Ҳаёти Нав»-и ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) кор карданд. Баъди таъсиси ноҳияи Тоҷикобод (26.2.1991) деҳа ва ҷамоати деҳоти Нӯшор ба ҳайати он дохил карда шуданд. Ҳоло дар ҳудуди деҳа 45 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.