Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулрез (деҳа, н. Тоҷикобод)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Тоҷикобод
Ҷамоат Деҳоти Қалъаилабиоб
Таърих ва ҷуғрофия
Номҳои пешина Қарасағир
Аҳолӣ
Шумора 484 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3154
Нишонаи почта 737450

Гулрез (собиқ Қарасағир) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалъаилабиоби ноҳияи Тоҷикобод. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 484 нафар (2017), тоҷикон.

Охири асри 18 бунёд ёфтааст.

Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, чойхона, бунгоҳи тиббӣ, осиёб ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Шӯрак ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулрез 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.