Гулистон (деҳа, н. Тоҷикобод)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Тоҷикобод |
Ҷамоат | Деҳоти Шогадоев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1106 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3154 |
Нишонаи почта | 737450 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1106 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёби барқӣ, масҷиди панҷвақта, устохонаи дуредгарӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Шӯраки деҳаи Нӯшор обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 22 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Арбоби давлатӣ Мирзохӯҷа Шоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2