Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарнисор (деҳа, н. Шаҳринав)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарнисор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳия ноҳияи Шаҳринав
Ҷамоат Деҳоти Чуст
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 752 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон, ӯзбакҳо
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3155

Зарнисор (то 4.10.2013 Кӯтарма) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 752 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа ва ҷамоат то соли 1992 дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор буданд. Солҳои 50 асри 20 бунёд шудааст.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳри Чузӣ аз рӯди Қаротоғ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 22 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.