Гулистон (деҳа, н. Шаҳринав)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Шаҳринав |
Ҷамоат | Деҳоти Сабо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1718 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3155 |
Коди мошин | TJ07 |
Гулистон (собиқ Советобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1718 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1932 таъсис ёфтааст..
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳа мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, меҳмонхона ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Қади Ҷӯйбор давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Қаратоғ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 7 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва кооперативи истеҳсолии «Пушти Миёна» (муассисаш Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Наҷмиддин Аюбов) мавҷуд аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5